Дар ҷараёни чорабиниҳои махсус кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 45-солаи ноҳияи Дарвози ВМКБ Хайриддин Шамсиддиновро боздошт намуданд.

Бино ба итттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни кофтукови шахсӣ аз боздоштшуда, 8,7 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.