Дар Тоҷикистон афзоиши шумори ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шуда, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 3820 чунин ҷиноятҳо содир шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6% зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра сабти ҷиноятҳои марбут ба барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ – 20,5%, қаллобӣ – 19,7%, авбошӣ – 4,8%, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир - 11,6% ҳолатҳои хариду фурӯши одамон аз 6 то ба 24 ҳолат ва терроризм – аз 3 то ба 12 ҳолат афзудааст.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ шуда, сабти ҷиноятҳои ҳамлаҳои ғоратгарона – 10%, ғоратгарӣ – 7,9%, дуздӣ – 5,7%, таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он – 2,2%, одамкушӣ ва суиқасд ба он – 2,1% коҳиш ёфтаанд.