Имрӯз дар таълимгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 24 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Агентӣ тренинг дар мавзӯи «Гузаронидани таҳқиқот ва таҳлили махзани маълумот бо истифодаи барномаи махсусгардонидашудаи i2» оғоз гардид. Курсҳои таълимӣ 5 рӯз идома хоҳанд кард.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тӯли ин муддат иштирокчиён аз рӯи истифодаи барномаи «Microsoft Office Excel» ҳангоми омода кардани маълумоти оморӣ, «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ ва «iBase Designer» омӯзиш хоҳанд дид.

Гуфта мешавад, тренинг аз ҷониби дастурдиҳандагони минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва мушовирони байналмилалӣ аз Аврупо гузаронида мешавад.