КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила тавофуқ ҳосил карданд.
Роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии «ТАЛКО» Игор Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раҳбарияти ҳарду ширкат созишномае ба имзо расониданд, ки маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои мудирони ширкати «Русал» ахири моҳи феврали соли ҷорӣ дар назар аст. «Ғайр аз ин, «ТАЛКО» ба ширкати русиягӣ баъзе тарҳҳо пешниҳод намуд, ки минбаъд бар асоси он метавон ҳамкориҳоро роҳандозӣ кард», - гуфт ӯ.
Интизор меравад, ки ҷузъиёти созишномаи баимзорасида аз ҷониби раҳбарияти «ТАЛКО» дар нишасти хабарӣ баъди маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумат ба манзури ҳамагон пешниҳод мегардад.
Ёдрас мекунем, ки баҳси чандинсолаи тиҷоратӣ миёни «Русал» ва «Талко» тирамоҳи соли 2013 ба итмом расида , суди байнулмилалии ҳакамӣ дар Швейтсария ширкати Тоҷикистонро ба пардохти 274,3 млн. доллари ИМА ба сохторҳои Олег Дерипаска уҳдадор намуд.
Суд ба хулоса расид, ки «ТАЛКО» шартҳои созишномаи соли 2003 баимзорасидаро, ки мутобиқи он Hamer Investing Ltd (мансуб ба Rusal) ба ширкати Тоҷикистон ашёи хом таҳвил дода, алюминии ваъдагӣ ба маблағи беш аз 112,7 млн. доллари ИМА-ро нагирифтааст, риоя накардааст. Ба ин маблағ ҳамчунин даромади аздастрафта дар ҳаҷми ҳудуди 147 млн. доллари ИМА ва хароҷоти судӣ ба маблағи 14,5 млн. доллари ИМА низ илова шуд.
Барои иҷрои қарори суд дар ниҳояти кор «Русал» бояд ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат мекард, аммо раҳбарияти ширкати русиягӣ аз ин кор даст кашид, зеро Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Hamer парванда боз кард, ки дар он зиёни расида ба «Талко» аз ҷониби сохтори Дерпиаска дар ҳаҷми 400 млн. доллари ИМА зикр гардида буд.
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста