Тобути Ҳасан Юсуфов - соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расид, рӯзи 2 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.
Наздикони ин соҳибкори тоҷик рӯзи 1 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин бора ба онҳо аз намояндагии сафорати Тоҷикистон дар Урумчӣ телефонӣ хабар додаанд. Баҳодур Юсуфов,бародари марҳум рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки маросими ҷанозаи ӯ нимаи рӯз дар масҷиди «Ҳаёти нав» дар Душанбе баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Чин маъмулан ҷасадҳои тибқи ҳукми додгоҳ қатлшударо ба наздиконашон намедиҳанд, «вале бо талошу пофишориҳои сафорати Тоҷикистон дар Чин муяясар шудааст, ки ба таври истисно ҷасади ӯро гиранд».
Ёдрас мекунем, ки Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, панҷ сол пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, ба ҳукми қатл маҳкум гардид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа анҷом ёфта, эъдоми ӯ субҳи рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта сурат гирифт.
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста