- Суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард, - хабар медиҳад «Новая газета».
Адвокатҳои ҷабрдидагон дар ин бора ба суд шикоят бурда, судя муайян кардааст, ки муфаттиш Александр Ожиганов ва роҳбарони ӯ ҷабрдидагон ва ҷониби ҳимояи онҳоро дар бораи дароз кардани муҳлати тафтиш, таъини ташхис ва натиҷаҳои он ва рад шудани таҳқиқи судиву тиббӣ огоҳ накарда, ҳамчунин ҷабрдидагонро бо маводи парванда шинос накардаанд.
Дар фурсати наздиктарин ба ҷабрдидагон - волидони тифл Заррина Юнусова ва Рустам Назаров бояд ҳамаи асноди тиббӣ дар бораи марги фарзандашон расонида шавад, ки аз моҳи октябри соли 2015 бо онҳо шинос нестанд. Гузашта аз ин, мақомоти тафтишот ба таъини ташхиси мустақили судиву тиббӣ уҳдадор шудааст, то ки сабаби марги кӯдак муайян карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров - Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Дар ҷараёни санҷиши хидматӣ ВКД ба хулоса расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳолат аз рӯи қонун амал кардаанд, вале дигар ниҳодҳо мақомоти пулисро дар ин ҳодиса гунаҳкор донистанд.
Ғайр аз ин, нахуствазири Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик дақиқан мавриди тафтиш қарор дода хоҳад шуд.
Аввали моҳи апрел сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Сергей Умнов иттилоъ дода буд , ки аз қазияи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа мақомоти пулис хулосаҳои даркорӣ баровардаанд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста