Кормандони милиса 7 нафар хонадагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, хонандагони синфҳои 9 ва 11-и яке мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва як нафари дигар, ки таҳсил намекунад аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони авбошӣ дастгир гардиданд. Гуфта мешавад, гумонбаршудагон рӯзи 3 июн аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май низ ду нафар донишҷӯён - сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанбе ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шуда буданд. Онҳо дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор дода буданд.
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста