Нисбати ду корманди муассисаи ислоҳии низомаш шадиди 3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки се тан аз маҳбусон аз он кӯшиши фирор намуда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи далели кӯшиши гурехтан аз муассисаи ислоҳӣ нисбати фироиён мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати ду корманди муассиса мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Шояд дар ҷараёни тафтиши ҳодиса мутобиқи моддаҳои дигар низ айбномаҳо пешниҳод шаванд. Тафтиш аз ҷониби Прокуратураи генералӣ гузаронида мешавад», - гуфт прокурори вилоят.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 17 июн аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон - Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов кӯшиши фирор намуданд.

Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.