Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз воридоти ғайриқонунӣ ва фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат дар пойтахти ҷумҳурӣ пешгирӣ карданд.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, зимни санҷиш ошкор шудааст, ки дар паҳнкунивии ин мавод намояндагони ширкатҳои «Курамакс ЛТД»-и Ҳиндустон дар ҶТ ва ҶДММ «Файзалӣ С» даст доранд.
Муомилот бо мақсади фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат, ки ба меъёрҳои тасдиқшуда ҷавобгӯ нестанд, тариқи додугирифт (бартер), яъне маводи доруворӣ ба ивази қарз сурат мегирифтааст.
Маводҳои доруворию молҳои тиббӣ дар таваққуфгоҳи воситаи нақлиёт (гараж), ки дар он системаи ҳавотозакунӣ, рафҳои нигаҳдории қабатӣ, дастгоҳи шамолдиҳанда (кондитсионер) ва яхдонҳо тамоман мавҷуд набудаанд, нигҳдорӣ шуда, қисмате аз онҳо дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон фурӯхта шудааст.
Тибқи хулосаи ашхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҶТ, маводҳои доруворию молҳои тиббии мусодирашуда - аз қабили ҳабҳо ( таблетка)-и тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои (порошок)-и тамғаи «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандору (шпритс)-и 1 гр., система барои гузаронидани маҳлулҳои инфизионӣ ва ғайра дар ҳаҷмҳои гуногун барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодабарии онҳо иҷозат нест.
Гуфта мешавад, арзиши умумии маводҳои доруворию молҳои тиббии мусодирашуда беш аз 25,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.