Зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бзургмеҳр Ёров изҳор кард, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст. Бо муроҷиат ба прокурор адвокат ӯро ба дохили «панҷара»-и худ хонда, ба рақобати як ба як даъват кардааст.

Бузургмеҳр Ёров тамоми иттиҳомоти нисбати ӯ пешниҳодшударо рад карда, хотиррасон намудааст, ки замоне бо чунин айбномаҳои сохта шахсиятҳои шинохта дар ҷумҳурӣ Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсумро низ ба қатл маҳкум карда буданд.

«Замоне прокурори ба айбдоркунандаи ҳозира монанд бо номи Саҳл низ ба ҷазои қатл нисбати онҳо исрор варзида буд ва аз ин рӯ, мо Самарқанду Бухороро аз даст дода будем», - иброз дошт Ёров.

Ин дафъа низ мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, ба он танҳо хешовандону пайвандони адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов роҳ дода шуданд.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «Бузургмеҳр гуфт, ки вақте наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ омаданд ва аз ӯ ҳамчун вакили дифоъ ёрӣ хостанд, ба онҳо кумак кард. Ин корро аз рӯи виҷдони адвокатӣ кардам гуфт. Баъд таъкид кард, ки ман экстремист нестам, вакили дифоъ ҳастам, вале агар онҳо гунаҳкор буданд, додгоҳ ҳукм мебаровард ва тамоми кор дар дасташ буд. Чаро аз адвокатии мо хавф доштанд?».

Бузургмеҳр Ёров, инчунин, ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, барои мунсифона ва, ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ боадолатона содир шудани ҳукм бовар надорад. Дар ҳоле ки ба қавли Хосият Ёрова, "ӯ гуфт, чӣ гуна мешавад ба адолат бовар кард, вақте хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ натавонистанд ба мурофиаи охирин роҳ ёбанд?"

Дар мурофиаи судӣ ҳамчунин адвокат Нуриддин Маҳкамов низ сухани ниҳоии худро иброз дошт.

Ёдрас мекунем, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуда буд, ки Бузургмеҳр Ёров, адвокати фаъолони ҳабсшудаи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум карда шавад.