Сарбози қисми низомии 06870 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Сайёдҷон Асоев ба даст доштан дар куштори сарбози 19-сола Эҳсон Элчибеков гунаҳкор эътироф гардида, ба 12,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.

Суд ҳамчунин ду афсари ин қисми ҳарбӣ - Саидмуҳаммад Саъдуллоев ва Иззатулло Аҳмадовро барои роҳ додан ба хунукназарӣ дар хизмат ҳар кадомеро ба як соли зиндон маҳкум кард.

Эҳсон Элчибеков моҳи майи соли 2016 ба хизмат даъват шуда, дар қисми низомии дар Душанбе воқеъбудаи Вазорати мудофиа хизмат мекард. Рӯзи 16 феврал ӯ ба таври мармуз ба ҳалокат расида, рӯзи 21 феврал ҷасади ӯро ба наздикону пайвандонаш дар деҳаи Бануи ноҳияи Рӯшон супурданд.

Хешовандони сарбоз ба марги табиии Эҳсон бовар накарда, аз ҳукуматдорон талаб карданд, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд. Дар ҷараёни тафтиши ҳодиса муайян карда шуд, ки Эҳсонро ҳамхизматаш Сайёдҷон Асоев куштааст.

Тӯли ду соли охир дар артиши Тоҷикистон бар асари истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона 59 нафар сарбозон осеб дидаанд, ки 11 нафарашон ба ҳалокат расидаанд.