Сокини шаҳри Душанбе Дилрабо Мирзобековаи 25-сола бо ҷурми хариду фурӯши одамон ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Ӯ шиносашро бо нархи 30 ҳазор доллар ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхтааст.
Ба гуфтаи судяи суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси мурофиа Суҳроб Қосимӣ, маҳкумшуда соли 2013 низ ба иттиҳоми авбошӣ равонаи зиндон гардида, соли 2014 аз маҳбас озод шудааст.
Зикр гардид, ки моҳи августи соли 2016 Дилрабо ҳамроҳи шиносаш бо номи Зебо тариқи сомонаи «Одноклассники» бо ҷабрдида Ф.И. дар тамос шуда, ӯро бо ваъдаи кори маошаш баланд дар яке аз мағозаҳои Дубай, барои ба ин шаҳр омадан водор мекунанд.
«Моҳи октябри соли 2016 Мирзобекова аз ҳисоби худ барои ин зан раводид ва билети ҳавопаймоӣ омода намуда, 1 ноябр ӯро дар Дубай пешвоз мегиранд ва дар хонаи иҷораи худ дар ин шаҳр ҷой медиҳанд», - иброз дошт судя.
Ба гуфтаи ӯ, дар идома онҳо шиносномаи занро гирифта, ӯро маҷбур мекунанд, ки маблағи барои раводид ва билети ҳавопаймоӣ сарфшударо баргардонад.
«Ҷабрдидаро ба як зани дигари машғул ба истисмори шаҳвонии занон дар Дубай фурӯхта, ин зан ҷабрдидаро ба фоҳишагарӣ маҷбур мекунад, то ки пули барои ӯ пардохтаашро «барорад», - иттилоъ дод судя. - Муддати 45 рӯз ҷабрдида зери истисмор қарор гирифта, баъзан дар як рӯз то 15 нафар мизоҷонро қабул мекардааст».
Зимнан зикр гардид, ки баъди кор кардани пулҳои барои ӯ харҷшуда, занро ҷавоб медиҳанд ва ӯ ба ватан омада, ариза менависад, ки аз рӯи он Дилрабо Мирзобековаро боздошт мекунанд.
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста