Кормандони милитсия дар қаламрави ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба гумони даст доштан дар шикори ғайриқонунӣ 3 сокини шаҳри Душанбе ва 1 сокини ноҳияи Сангворро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шахсони номбурда дар дидбонгоҳи марказии ноҳияи Сангвор бо автомашинаи шахсиашон - тамғаи “Тайота Ланкрузер” дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, санаи 15-уми январи соли равон онҳо аз мавзеи мазори “Ҳазрати Бурх” ғайриқонунӣ 1-сар бузи кӯҳии сибириро, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, шикор намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.