Куҳнаю фарсуда будани биноҳои аксари судҳо, норасоии утоқҳои корию толорҳои маҷлиси судӣ ва сарбории парвандаҳо аз мушкилоти асосии судҳои вилояти Хатлон аст, ки ба сифати кори судяҳо таъсири манфии худро мерасонад. Тадқиқоти думоҳаи мо аз ҷой доштани мушкилоти зикршуда дар кулли судҳо дарак дод.

Биноҳои судҳо аз солҳои сиюми асри гузаштаанд

Судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аксаран дар биноҳое қарор доранд, ки шурӯъ аз солҳои сиюми асри гузашта сохта шудаанд ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Тибқи мушоҳидаҳои мо, аксари биноҳои судҳои вилоят аз солҳои шӯравӣ боқӣ монда, қисме солҳои сиюми асри гузашта сохта шудаанд.   Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз он биноҳоест, ки аз солҳои шӯравӣ боқӣ мондааст. Ҳангоме мо аз он ҷо дидан кардем, дар бинои суд таъмири косметикӣ мерафт. Раиси тозатаъйини ин суд Сироҷиддин Сайдалӣ Сайвалӣ корро аз таъмири дохили бино сар кардааст. “Бинои мо куҳнаю фарсуда буда, як бахши он солҳои пеш дар натиҷаи сӯхтор зарар дидааст, аммо ба ҳоли худ гузошта шудааст. Деворҳои атрофи бино ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Мо тасмим гирифтем, то ба қадри имконият биноро ба тартиб биорем. Он дар мувозинаи Суди Олист. Аз мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия хоҳиш кардем, ки бароямон андаке маблағ ҷудо кунанд. Умед дорем, ки дар оянда онҳо ва Суди Олӣ кӯмакамон мекунанд”,- афзуд С.Сайдализода.

Суди ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл), ки дар шафати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир аст, аз солҳои сиюми асри гузашта аст. Бино ба гуфти раиси Суди ноҳия Латофат Ҷаъфарзода, ин бинои фарсуда қаблан ҳамчун беморхона истифода мешудааст. Баъдан ба мувозинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаштааст. Солҳои навадум онро дар ихтиёри Суди ноҳия вогузор карданд. 


Ҳарчанд бино чӣ аз дохил ва чӣ аз берун таъмири косметикӣ мешавад, вале ин таъмири косметикӣ дер давом намекунад. Деворҳо куҳнаю фарсуда шудаанд ва онҳо аз хишти хом сохта шудаанд. Нақшаи сохтмони бинои нав дар Барномаи рушди ноҳияи Дӯстӣ пешбинӣ шуда буд. Мутаассифона, бино бо сабаби набудани маблағ сохтмон оғоз нашуд ва маълумам нест, ки кай бояд сохта шавад”, - илова кард Л. Ҷаъфарзода.

Бинои Суди ноҳияи Хуросон низ айни ин дуйи дигар аст. Қаблан дар ин ҷо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буд. Баъдан он ба мувозинаи Суди Олӣ гузаронида шуда, барои истифода ба Суди ноҳияи Хуросон дода шуд. Абдулқодир Маҷидзода, раиси Суди ноҳия, мегӯяд, ки мо биноро ҳамасола таъмири косметикӣ мекунем ва кӯшиш мекунем, новобаста аз куҳнаю фарсуда буданаш, онро дар ҳолати хуб нигоҳ дорем. Барои шурӯъи сохтмони бинои нав мо нақшаи генералии шаҳраки Обикиикро интизорем. Дар сурати омода шудани нақша ва муайян шудани ҷойи сохтмон ба Суди Олӣ муроҷиат хоҳем кард, то дар сохтмони бинои нав кӯмакамон кунад”, - гуфт ӯ. 


Биноҳои судҳои навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритӯс ва Панҷ  низ мероси солҳои сиюм-панҷоҳум буда, вазъи хуб надоранд.

 Аммо дар қиёс ба иморатҳои болозикр биноҳои судҳои шаҳру навоҳии Бохтар, Вахш, Ҷайҳун ва Қубодиён то андозае ҳоли беҳтар доранд.  Бинои Суди ноҳияи Кӯшониён дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд шудааст. Мутаассифона, мо имкон пайдо накардем, ки аз судҳои минтақаи Кӯлоб дидан кунем. Аммо ба қавли шоҳидон ва сокинони минтақа, аксари кулли биноҳои судҳои он ҷо низ ҳоли хуб надоранд. 

Муовини раиси Суди вилояти Хатлон Сайфиддин Муҳиддинзода иброз дошт, ки воқеан, биноҳои аксари судҳои вилоят дар ҳолати хуб нестанд. “Биноҳо куҳнаю фарсудаанд. Барои сохтмони биноҳои нав маблағҳои зиёд лозим аст. Бо ба даст омадани шароит боварӣ дорем, ки бо навбат биноҳои нави дорои тарҳи нав сохта мешаванд. Айни замон сохтмони бинои Суди ноҳияи Данғара бо як тарҳи нави замонавӣ идома дорад. Соли гузашта бинои Суди ноҳияи Восеъ ба истифода дода шуд”, - афзуд вай.

Норасоии утоқҳои корӣ ва толорҳои маҷлиси судӣ

Мушкили норасоии утоқҳои корӣ ва толорҳои маҷлиси судӣ яке аз мушкили калидии судҳои вилояти Хатлон аст. Қариб дар ҳамаи судҳои вилоят ин мушкил ҷой дорад. Дар Суди шаҳри Бохтар 8 судя фаъолият мекунанд ва ба гуфти раиси он Абдурраҳмон Ёқубзода, на ҳамаи судяҳо бо утоқҳои корӣ таъминанд. “Ду-се судяи мо дар утоқҳои хурд ҳамроҳ бо котибони маҷлиси судӣ менишинанд. Агар гӯем, ки фақат се судя - раис ва ду муовин бо утоқҳои корӣ таъминанд, хато намекунем.  Мо ҳоло фикр карда истодаем, ки бояд ҳадди ақалл се утоқ ва як толори маҷлиси судӣ сохта шавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ваъда кардааст, ки кумак мекунад. Агар маблағ ҷудо шавад ва шояд боз Суди Олӣ дастгирӣ кунад, бинои иловагӣ месозем. Мо як толори маҷлиси судӣ ва як толори ноболиғон дорем, ки басанда нест. Аз ҳисоби набудани толори маҷлиси судӣ мо мушкилоти бисёр дорем”, - илова кард вай. 


Бо ҳамин мушкил ҳамаи судҳое, ки мо сӯҳбат доштем, рӯбарӯянд. Ва раисони ҳамаи судҳо аз норасоии утоқҳои корӣ ва толорҳои маҷлиси судӣ шикоят мекунанд. Бояд гуфт, ки Суди ноҳияи Дӯстӣ ҳатто толори маҷлиси судӣ надорад.  Ва маҷлисҳои судиро ба гуфти Латофат Ҷаъфарзода, дар толорҳои Қасри ҷавонон ва ШВКД-и ноҳия ё дар дигар ташкилоту идораҳо мегузаронанд.  

Чуноне мо мушоҳида кардем, мизу курсиҳои толорҳои маҷлиси судии шаҳру навоҳиҳо ва вилоят низ аз даврони шӯравианд. Дар аксар толорҳои маҷлиси судӣ ҳарчанд кондитсионер насб шудааст, аммо қисми зиёди онҳо кор намекунанд. 


Азбаски Хатлонзамин яке аз минтақаҳои гармтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар фасли гармо бидуни кондитсионер кору фаъолият кардан хеле мушкил аст. Ва аз таҷрибаи ширкат дар баъзе мурофиаҳои судӣ медонем, ки дар ин толорҳо тобистон аз гармии ҳаво нафас танг мегардад ва зимистон аз сардӣ азият мекашӣ.

Масъалаи дар толорҳо насб шудани камераҳои назоратӣ ва телевизору DVD, ки барои баррасии далелҳо зарур аст, то андозае ҳалли худро ёфта бошад ҳам, лекин камераҳои назоратӣ танҳо дар даромадгоҳ, роҳрав ва атрофи биноҳо дида мешаванд. Дар толорҳои маҷлиси судӣ аз онҳо нишоне нест.  

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Суди вилоят, ҷой доштани чунин ноҷӯриро рад накард. Судҳое ҳастанд, ки толорҳои маҷлиси судӣ надоранд ва парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмуриро дар утоқҳои кориашон баррасӣ мекунанд. “Барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ заҳмати зиёд кашидан лозим аст. Баҳри беҳтар кардани шароити судҳо, баланд бардоштани нуфузи онҳо ва ҷорӣ кардани адолати судӣ дар кишвар се барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул шуд.  Албатта, ин барномаҳо як натиҷае доданд, ҳарчанд ин натиҷаҳо дилхоҳ набуданд. Бояд гуфт, ки ин масъалаҳо зери омӯзиши Суди Олии кишвар қарор доранд”, - мегӯяд Муҳиддинзода. 


Нақлиёти хизматӣ мушкили дигар аст

Камбуди дигар кайҳо корношоям шудани нақлиёти хизматӣ дар бештари судҳои вилоят аст. Нақлиёти хизматии мавҷуда аз ВАЗ-2106 ва ВАЗ -2107 иборат буда, дафъаи охирин солҳои 2000-ум дастрас карда шудаанд. Раисони судҳои шаҳру навоҳии Бохтар, Балхӣ, Ҷайҳун ва дигар зимни сӯҳбат корношоям шудани воситаҳои нақлиёти хизматиашонро тасдиқ карда, иқрор шуданд, ки дар кори хизматиашон аз воситаҳои нақлиёти шахсӣ истифода мебаранд. “Чӣ кунем? Маҷбурем дар ҳолатҳои зарурӣ воситаҳои нақлиёти шахсиамонро истифода кунем. Он воситаҳои нақлиёти хизматие, ки мо дорем, ё корношояманд ва ё қобили эътимод нестанд”, - мегӯянд онҳо.

Судяҳо аз ноутбукҳои шахсӣ истифода мебаранд

Ҳарчанд масъулини судҳои шаҳру ноҳияҳо ва Суди вилоят мегӯянд, ки ҳамаи кормандони дастгоҳи суд ва судяҳо бо компютер таъминанд, вале иттилое ҳаст, ки аксари судяҳо ва котибони судҳо ноутбукҳои шахсии худро истифода мекунанд.  Раисони он судҳое, ки мо бо онҳо сӯҳбат доштем, ҳамагӣ мегӯянд, судяҳо ва котибони судҳо бо компютер, принтеру дигар таҳҷиҳизоти зарурӣ таъминанд. Абдулқодир Маҷидзода, раиси Суди ноҳияи Хуросон, мегӯяд, ки соли гузашта аз Суди Олӣ компютеру принтер ва телефону факс гирифтаанд.  Раисони дигар судҳо низ моро бовар кунонданд, ки таъминоти техникии зердастон ба пуррагӣ амалӣ шудааст. Аммо як нафар аз кормандони суд, ки нахост номаш ифшо шавад, иброз дошт, ки бештари судяҳо ва қисме аз котибони судҳо компютер ё ноутбукҳои шахсиашонро истифода мебаранд. Ҳамчунин, ин мусоҳиби мо гуфт, ки судяҳо вобаста бо имкониятҳояшон мизу роҳаткурсиҳоро ҳам худ меоранд.

Аз ҳукумати электронӣ дарак ҳаст?

Дар ягон суди шаҳру ноҳия ва ё вилоят махзани алоҳида ё умумии электронии иттилоъ мавҷуд нест. Аммо дар бархе аз судҳо маълумоти солона ё ҳисобот дар дискҳо маҳфуз дошта мешаванд. Ва тибқи мушоҳидаи мо, азбаски ягон мақомоти судии вилояти Хатлон ба шабакаи интернет пайваст нест, судяҳову дигар кормандон аз модемҳои шахсии худ истифода мекунанд.

 

 

Сарборӣ дар судҳо

Ба ҳар як судя дар вилояти Хатлон дар як сол 700 – 1000 парванда рост меояд. Ба гунаи мисол, тибқи таҳлилҳо, соли 2017 дар Суди ноҳияи Дӯстӣ ба як судя то 1000 парванда расидааст. Дар Суди ноҳияи Хуросон соли 2017 ҳамагӣ 1350 парванда баррасӣ шудааст, ки агар ин рақамро тақсим кунем, ба ҳар як судя 450 парванда мерасад. Дар як рӯзи корӣ ба як судя то ду парванда рост меояд, ки ин аз нуқтаи назари вақту имконият барои як нафар мушкил аст. Худи раисони судҳо иқрор мешаванд, ки бинобар сол аз сол афзудани воридшавии парвандаҳо сарборӣ дар кори онҳо бештар шуда, дар натиҷа, душвориҳои зиёд  ба бор меорад. 


Аз тарафи дигар, дар судҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 27 толори маҷлиси судӣ мавҷуд аст. Агар аз рӯйи принсипи кории судӣ бигирем, баррасии ҳама навъи парвандаҳо бояд дар толори маҷлиси судӣ бигзаранд. Дар соли 2017 дар судҳои вилояти Хатлон 39 ҳазору 160 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин рақамро ба 253 рӯзи корӣ тақсим кунему онро ба 27 толори маҷлиси судӣ зарб занем, дар як рӯз ба ҳар як толор 6-7 парванда рост меояд. Гузаронидани ин миқдор мурофиаҳои судӣ дар як рӯз дар як толор мантиқан, ғайриимкон аст. Пас, парвандаҳо дар куҷо баррасӣ мешаванд? Албатта, дар утоқҳои кории судяҳо, ки хилофи ҳама принсипҳо мебошад. 

С. Муҳиддинзода мегӯяд: - Фарз кардем, ки як судя дар як сол то 500 парвандаи маъмурӣ, ҷиноӣ, оилавӣ, гражданиро баррасӣ мекунаду санадҳои судӣ қабул мекунад. Мисол, дар Суди ноҳияи Дӯстӣ дар як сол ҳудуди 2 ҳазор парванда баррасӣ мекунанд ва то ҳамин сол ду судя дар ин ноҳия фаъолият мекард ва имсол як воҳиди дигар ҷудо шуд. Албатта, ин сарборӣ барои сифатнок қабул кардани санадҳои судӣ таъсир мерасонад. Бубинед, як сол 365 рӯз аст ва агар судя аз ин зиёд санади судӣ қабул кунад, мо наметавонем аз ӯ сифати кор бипурсем. Ҳар як санади судӣ вақтро талаб мекунад. Дар хонаи машварат судя бояд санади судӣ қабул намояд ва барои омода намудани ҳалнома, ҳукм ва ё дигар санади судӣ вақт лозим аст, то онро шишта нависад. Аз ин хотир, ба фикри ман, воҳиди кории судяҳо бояд бо дар назардошти воридшавии парвандаҳо ва сарборӣ муайян карда шавад.

Ҳалномаро баъди 48 рӯз гирифтем

Дар мавриди сари вақт дастрас намудани санадҳои судӣ ҳамаи раисони судҳо ба як овоз гуфтанд, ки тарафҳо дар муҳлатҳои пешбиникардаи қонун санадҳои судиро дастрас менамоянд ва ин ҷо мушкиле ҷой надорад. Ва муовини раиси Суди вилоят С.Муҳиддинзода иброз дошт, ки ҳамагӣ як шикоят вобаста ба сари вақт нагирифтани санади судӣ ворид шудааст. Вақте мо онро санҷидем, маълум гардид, ки санади судӣ ба ин шаҳрванд тариқи почта фиристода шуда, сари вақт ба шаҳрванд нарасидааст. Ин ҷо масъулият дигар бар дӯши суд нест. 

Сардори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи вилояти Хатлон Умриддин Ҳайитзода низ иброз дошт, ки аз аввали соли равон бо санадҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ бевосита аз тарафи шаҳрвандон ягон шикоят ворид нашудааст. 

- Мувофиқи қонунгузорӣ санадҳои судӣ дар муҳлати 5 шабонарӯз ба тарафҳо дастрас карда мешавад, - мегӯяд вай. -  Ва ба худи судшаванда баъди интишори ҳукми суд иқтибос аз ҳукм дода мешавад.  Баъдан, дар давоми панҷ рӯз нусхаи ҳукм ба ӯ расонда мешавад.

Аммо буданд ҳолатҳое, ки ҷабрдидагон бо ҳукми судҳо розӣ нашуда, бо ариза ба мо муроҷиат намуданд. Ва вақте мо санҷида баромадем, маълум шуд, ки дар ҳақиқат меъёрҳои қонун дар ҳукм вайрон шудааст. Ва мо ба ҳукми суд эътироз овардем. Дар натиҷа, санадҳои судӣ бекор карда шуданд. Дар семоҳаи аввали соли равон ба шаш санади судӣ эътирози касатсионӣ оварда шуд, ки    дар натиҷа, панҷ санади судӣ тағйир дода шуда, як санади судӣ нисбат ба ду нафар бекор карда шуд. Ҳамчунин, як эътирози хусусӣ оварда шудааст, ки суд парвандаро ба тафтишоти иловагӣ гардонда буд. Мо санади судиро омӯхтем ва онро бекор кардем. Ва парванда ба баррасии нави судӣ фиристода шуд. 


Вобаста ба санадҳое, ки қувваи қонунӣ гирифтаанд, аз тарафи прокурори вилояти Хатлон 8 эътирози назоратӣ оварда шуд, ки аз он шаш эътирозаш баррасӣ шуда, 3 санад бекор ва се санади дигар тағйир дода шуд, - илова кард прокурор. 

Ин дар ҳолест, ки адвокати ҳуҷраи адвокатии шаҳри Левакант Киромиддин Муродов мегӯяд, ӯ ва зерҳимояааш ҳалномаи судро вобаста ба баҳси гражданӣ аз Суди ноҳияи Вахш баъди 48 рӯз ба даст овардаанд. Номбурда аз болои Суди ноҳияи Вахш ба Суди Олии кишвар шикоят бурдааст. Вай мегӯяд, ки судяи Суди ноҳияи Вахш Файзуллозода онҳоро сари вақт бо протоколи маҷлиси судӣ шинос накардааст. Онҳо вақте бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шудаанд, ки аз болои судя ба Суди вилояти Хатлон ва Суди Олии кишвар шикоят бурдаанд. “Ин бори аввал нест, ки судя ба чунин қонуншиканӣ роҳ медиҳад. Дар ду баҳси граждание, ки ман ҳуқуқҳои яке аз тарафҳои баҳсро ҳимоя мекунам, Файзуллозода танҳо баъди шикоятҳои мо имкон медиҳад, ки бо протоколи маҷлиси судӣ  шинос шавем. Ман дар парвандаи баҳси гражданӣ ҳуқуқҳои шаҳрванд Юсуфалӣ Маҳкамов ва дигаронро вобаста ба бартараф намудани монеъа, яъне бекор кардани қарори раиси ноҳияи Вахш ҳимоя мекардам. Баҳс сари он буд, ки роҳи 9 оиларо (дарозиаш беш аз 100 метр ва паҳноиаш 6 метр) Идораи Кумитаи замини ноҳия ба як шаҳрванди дигар вобаста кардааст ва мардум бе роҳ монданд. Ин роҳ, агар хато накунам, 70 сол инҷониб ба мардум хизмат мекард. Хулоса, бо ҳамин парванда суд ҳалномаро новобаста ба он, ки қарори раиси ноҳия ғайриқонунӣ буд, ба фоидаи тарафи дигар ҳал кард. Мо чанд маротиба кӯшиш кардем, ки бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шавем, вале судя Файзуллозода ба мо имкони шиносоиро намедод. Ин баҳсро  судя ду сол ба дарозо кашид. Файзуллозода 20 феврали соли 2018 ҳалнома баровард. Даъвои мо новобаста аз он, ки хулосаи экспертизаи сохтмонию роҳсозӣ ва Хадамоти оташнишонӣ мавҷуд буд, пурра рад гардид. Вале ҳамаи ин ваҷҳҳо аз тарафи суд ба назар гирифта нашуд. Мо барои шинос шудан бо протоколи маҷлиси судӣ 6 январ ба Суди ноҳияи Вахш тариқи хатӣ муроҷиат кардем. Баъдан, ба Суди вилоят ва Суди Олӣ муроҷиат кардем. Новобаста аз муроҷиатҳои мо, онҳо имкон надоданд, ки бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шавем.

Медонед, бо парвандаи авваламон мо ҳалномаи судро баъди 48 рӯз гирифтем ва умуман, бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шуда натавонистем. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи моддаи 236, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон судя бояд дар давоми 5 рӯз нусхаи протоколи маҷлиси судиро омода намояд ва онро ба тарафҳоро шинос намояд. 

Мутаассифона, баъди шикоятҳои пайвастаи мо аз болои ин судя ба Суди вилояти Хатлон ва Суди Олӣ кормандони Суди ноҳияи Вахш аз болои ман санад тартиб додаанд, ки гуё 4 моҳ пеш дар мурофиаи судӣ дар ҳолати мастӣ иштирок карда бошам, ки ин нисбати ман туҳмат аст. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар ман дар ҳолати мастӣ ба мурофиаи судӣ омада бошам, чаро ҳамон лаҳза нисбати ман санад тартиб надоданду баъди 4 моҳ санад тартиб доданд? Ин санад сохтакорона аст. Айни замон ман ба Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон ва Президенти ҶТ аризаи шикоятӣ навиштаам ва натиҷаашонро интизорам. Агар мо сари вақт бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шавем ва сари вақт ҳалномаҳоро гирем, чӣ зарурат мешавад, ки шикоят нависем? Мутаассифона, судҳои болоӣ ба ҷойи санҷидану камбудиро ислоҳ намудан, баръакс зердастони худро дастгирӣ менамоянд ва нисбати мо камбудӣ меҷӯянд. Аризаҳои мо ба таври рӯякӣ санҷида шуданд.

Ҳатто муайян накарданд, ки чаро аризаҳои муқобили даъво, ки мо дар рафти мурофиаи судӣ пешниҳод намудем, дар қабати парванда нестанд. Дар ҷавоби Суди вилоят омадааст, ки дар ҳақиқат санҷиш нишон дод, ки протоколи маҷлиси судӣ бо даъвои Гулов Холназар нисбати Гуловҳо аз рӯзи баромадани ҳалнома, яъне 20 феврал то 15 марти соли 2018 бо айби котиби маҷлиси судӣ ва раисикунандаи мурофиа - Файзуллозода омода нашудааст. Аммо дар ҷавоби муовини якуми раиси Суди Олӣ Ашӯрзода омадааст, ки мо бо протоколи маҷлиси судӣ 26 феврал, яъне баъди 6 рӯзи ба анҷом расидани мурофиаи судӣ шинос шудаем. Бубинед, чи гуна мухолифатҳо дар ҷавоби судҳои болоӣ ҷой дорад. Яке менависад, ки гӯё мо 26 феврал бо протокол шинос шудаем, дигаре менависад, ки протокол то 15-16 март тайёр набуд. Аз ин бармеояд, ки ваҷҳҳои овардаи адвокатҳоро на Суди вилоят ва на Суди Олӣ баҳои ҳуқуқӣ надода, ҷавобҳои рӯякӣ медиҳанд”, - афзуд адвокат Киромиддин Муродов.

Даромадан ба судҳо оё озод аст?

Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки дар даромадгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳо посбонҳо вуҷуд надоранд ва даромади шаҳрвандон ба биноҳои суд озод аст. Танҳо аз ҳисоби кормандони дастгоҳи судҳо навбатдорон ташкил шудаанд, ки онҳо аз шаҳрвандон тақозо мекунанд, телефонҳои мобилиашонро хомӯш ва ё бесадо намоянд. Ҳамчунин, онҳоро роҳнамоӣ мекунанд, то нафари даркориашонро пайдо намоянд.

Аммо дар даромадгоҳи Суди вилоят вазъ андак дигаргун аст. Навбатдорон ҳангоми ворид шудан телефонҳои мобилии шаҳрвандонро мегиранд. Аз ҷумла, вақте мо вориди ҳудуди панҷарапечи Суди вилоят шудем, аз мо талаб карданд, то телефонҳои мобилиамонро супорем. Чун гуфтем, ки мо бо телефонҳои мобилӣ садои мусоҳибонро бояд сабт кунем, навбатдорон камобеш 20 дақиқа иҷозаи вурудамон надоданд. Даромадан фақат пас мувофиқа бо муовини раиси Суди вилоят муяссар шуд.  


Масъалаи дигаре, ки мо камтаваҷҷуҳию бетаваҷҷуҳӣ ба онро мушоҳида кардем, ин дар даромадгоҳҳои судҳо насб кардани тахтаҳои иттилоотӣ мебошад. Тахтаҳои иттилоотӣ дар даромадгоҳҳои ҳама биноҳои судҳо насб шудааст. Аммо на дар ҳамаи онҳо маълумоти зарурӣ ҷой дода шудааст. Дар ин тахтаҳо бояд рӯйхати парвандаи баррасишаванда, маълумот оиди чи гуна муроҷиат намудани шаҳрвандон, ҳаҷми пардохтҳои боҷи давлатӣ ва рӯйхати судяҳо бошад. Мутаассифона, мо ин маълумотҳоро дар тахтаҳои ягон мақомоти суд надидем. Танҳо дар эълонтахтаи Суди вилоят рӯйхати парвандаҳои дар Коллегияи Суди вилоят баррасишаванда ҷой дода шуда буд.  Бояд зикр кард, ки мо дар як мақолаи тадқиқотие, ки соли гузашта нашр кардем, ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода будем. Лекин вазъ ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. 


Дар ҳамин ҳол Сайфиддин Муҳиддинзода мегӯяд, ки мо ҳангоми санҷишҳо ва семинарҳои омӯзишие, ки дар судҳои шаҳру ноҳияҳо мегузаронем, корамонро аввал аз тахтаҳои иттиллотӣ оғоз карда, таъкид мекунем, ки ба хотири осон шудани кори худи судҳо ва шаҳрвандон ҳама маълумоти заруриро дар ин тахтаҳо ҷой диҳанд. Зимнан, ӯ эътироф кард, ки камбудӣ ҳаст ва онҳо аз пайи ислоҳ ҳастанд.

“Бо ВАО мушкил надорем”

Ҳамкорӣ кардани мақомоти судӣ бо намояндагони ВАО аз шаффофияти кори мақомот дарак медиҳад. Он раисони судҳое, ки мо сӯҳбат доштем, ҳамагӣ моро бовар кунонданд, ки дар самти ҳамкорӣ бо ВАО мушкиле надоранд. Сироҷиддин Сайдалӣ Сайвалӣ, раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, гуфт, ки мо ҳамеша омодаи ҳамкорием ва иштироки ВАО дар мурофиаҳои судии кушод озодона аст. Аммо бардоштани навори видеоӣ, расм ва сабти диктофонӣ бо иҷозаи раисикунандаи мурофиаи судӣ мебошад. Латофат Ҷаъфарзода низ ин ақидаро дастгирӣ карда, иброз дошт, ки онҳо бо Идораи телевизион ва радиои вилоят ҳамкории зич доранд ва ҳармоҳа намояндагони телевизион ва радиои вилоят омада, аз ҷараёни мурофиаҳои судӣ барномаҳо омода мекунанд. 

Орзуи Карим, яке аз хабарнигорони тоҷик, ки бештар дар мавзӯъҳои экстремизму терроризм гузоришҳо омода мекунад, мегӯяд, ки дар аксар ҳолат судҳо омодаанд, бо хабарнигорон ҳамкорӣ намоянд.  “Аслан, аз як тараф худи судяҳо завқманданд, ки мурофиаҳои судиашон инъикос шаванд, зеро чуноне медонем, онҳо ҳар моҳ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба мақомоти болоии худ ҳисобот пешниҳод менамоянд. Аммо мушкил дар баъзе парвандаҳои пурсарусадо аст, ки намояндагони мақомоти судӣ маълумотро вобаста ба ин парвандаҳо сари вақт пешниҳод намекунанд. Бо баҳонаи ба ҳукми қонун даромадани ҳукм маълумотро вақте пешниҳод мекунанд, ки дигар моҳияти хабариашро гум мекунад. Масалан, вобаста ба ҳодисаи таркише, ки дар шаҳри Бохтар соли гузашта сурат гирифта буд ва ҳукми онро Суди Олии кишвар баровард. 


Мутаассифона, хабараш сари вақт дастрас нашуд ва баъди як моҳи содир шудани ҳукм маълумот пешниҳод шуд. Ба ин монанд мисолҳои зиёдеро овардан мумкин аст. Мо дар суди вилоят ягон мушкилро дар баррасии парвандаҳои кушода намебинем. Ҳамавақт бе мамоният иштирок мекунем. Танҳо барои сабти аудиоию видеоӣ ё  расм аз раискунандаи мурофиаи иҷозат мегирем.  Баъзан монеи сабт ё расмгирӣ худи судшавандаҳо ва ё наздикони онҳо низ мешаванд”, - афзуд вай.

Баҳодур Уроқов, хабарнигори ҳафтаномаи СССР  дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, ки бо мақомоти судӣ ҳамкории зич дорад, мегӯяд, ӯ низ бо судҳо мушкиле надорад ва бе мамоният дар мурофиаҳои судӣ иштирок менамояд. 


“Пеш аз мурофиаҳои судие, ки хоҳиши иштирок дорам, бо раискунандаи мурофиаи судӣ мувофиқа мекунам. Албатта, барои сабтҳои гуногун аз раискунанда иҷозат мегирам. Вале вазъ дар судҳои ноҳияҳо дигаргунтар аст. Масалан, хостам дар мурофиаи судие, ки марбут ба баҳси замин буд, иштирок кунам.  Раискунанда иҷозат надод, ки иштирок кунем.  Намедонам сабабаш дар чи бошад, ки судяҳо чунин рафтор мекунанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки судяҳо бо намояндагони ВАО ва ё шаҳрвандон дағалона рафтор мекунанд. Масалан, мо дар мурофиае хостем ширкат кунем. Онҳо гуфтанд, ки бе ягон дастгоҳи сабткунанда иштирок кунед. Ва мо иштирок накардем.

Як масъалаи дигар ин аст, ки судяҳо иштирокдорони маҷлиси судиро таъкид мекунанд, ки телефонҳои мобилиро хомӯш кунанд. Аммо ҳолатҳое мушоҳида шуданд, ки худи раискунандаҳо бо телефони мобилиашон дар рафти мурофиаи судӣ сӯҳбат мекунанд.

Беҳрӯз Шафоев, сухангӯи Суди Олӣ, мегӯяд, ки айни замон Суди Олӣ тасмим гирифтааст, то ҳамкориҳои мақомотро бо ВАО ҷоннок намояд.  “Тибқи дастури раиси Суди Олӣ айни замон раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо як нафарро бо фармон ҳамчун масъули ҳамкорӣ бо ВАО ва робита бо ҷомеа таъйин карданд. Дар доираи як барнома мо айни замон дар панҷ минтақаи кишвар семинарҳои омӯзишӣ гузаронда истодаем. Ба ин семинарҳо намояндагони ВАО-ро ҷалб кардем, то масъулони судҳо бо намояндагони ВАО аз наздик шинос шаванд ва ҳамкориҳояшонро ба роҳ монанд.  Умед мебандем, ки ин ҳамкориҳо дар оянда вусъат хоҳанд ёфт”, - зикр кард Беҳрӯз Шафоев.

Сомонаҳои бесомон

Дар мавриди сомонаҳои судҳо ҳатто намесазад, ки чизе гуфт, зеро онҳо бо ном вуҷуд доранд. Агар саҳифаҳои сомонаҳоро дақиқ бингарӣ, қисми зиёдашон умуман фаъол нестанд. Бахши каме, ки кор мекунанд, дар онҳо танҳо баромадҳои раисони судҳо дар ин ё он чорабинӣ ҷой дода шудаанду бас. Дигар аз ин сомонаҳо ягон маълумотеро дастрас нахоҳед кард. 

Беҳрӯз Шафоев тасдиқ кард, ки сомонаҳои судҳо интизориҳои онҳоро ҳанӯз бароварда насохтаанд. “Дар доираи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013” таъсис додани сомонаҳои интернетии судҳо ба нақша гирифта шуда, дар ин замина 50 сомона кушода шуд. Таҷриба нишон дод, ки он сомонаҳо камфаъоланд. Камфаъолиятии онҳо асосан аз он сабаб буд, ки дар минтақаҳои дурдаст дастрасӣ ба интернет мушкилӣ дошт. Мушкили дигар дар он буд, ки шахсони мутасаддии сомонаҳо дониш ва малакаи истифодабарии сомонаҳоро надоштанд. Аз ин рӯ, мушкили ворид кардани маълумот дар сомона ба миён омад. Мо соли 2016 тасмим гирифтем, ки масъалаи таъсиси сомонаҳоро аз нав дида бароем ва барои мутахассисоне, ки бо сомонаҳо сару кор мегиранд, курсҳои омӯзишӣ ташкил кунем. Муддати ду сол дидем, ки то андозае сомонаҳо фаъол шуданд. Аммо ин ҳам моро қонеъ накард. Як нуқтаи дигарро бояд қайд кард, ки он мутахассисоне, ки омӯзондему то андозае кор бо сомонаҳоро аз худ карда буданд, бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон боз мушкил пеш омад. Ва имрӯз дар доираи барномаи “Дастрасӣ ба иттилоот” масъалаи аз навтаъсисдиҳии сомонаҳо ва омӯзондани нафарони нав пеш омадааст. Аз таҷрибаи сомонадории пештара мо ба хулосае омадем, ки дар мадди аввал дар панҷ минтақа - Суди Олӣ, Суди шаҳри Душанбе, Суди вилояти Хатлон, Суди вилояти Суғд ва Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сомонаҳоро фаъол намоем. Ҳамчунин, марказҳои матбуотӣ таъсис бидиҳем, то ин ки масъулияти назорати сомонаҳо бар дӯши ин марказҳои матбуотӣ гузошта шаванд. Сомонаҳое, ки соли 2011 таъсис дода шуда буданд, аз назари техникӣ кӯҳнашуда мебошанд. То моҳи июн-июл ин панҷ сомона фаъол хоҳанд шуд. Дар пасманзари сомонаҳои вилоятӣ сомонаҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо ташкил карда мешаванд.  Барномаи мазкур 1,5 сол фаъолият хоҳад кард ва то охири барнома 76 сомона фаъол карда мешавад.


Айни замон дар доираи ин барнома як мутахассис аз Федератсияи Русия даъват карда шудааст, ки таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкориро байни судҳо ва ВАО дорост. Ин мутахассис ба мутасаддиёни марказҳои матбуотии судҳо усулҳои омодасозии пресс-релиз, вазифаҳои маркази матбуотӣ ва усулҳои паҳн кардани маълумотро меомӯзонад. Дар доираи ин семинарҳо 25 намояндаи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омӯзонда шуданд”, - афзуд Б. Шафоев. 

Вазъ ислоҳ мехоҳад

Тадқиқоти мо нишон дод, ки Судҳои вилояти Хатлон ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳанд ва ин вазъ бетардид беҳбудӣ мехоҳад. Се барномаи давлатие, ки қаблан қабул шудааст, ба таври бояду шояд иҷро нашудааст. Ва агар мехоҳем, ки воқеан ҳам нуфузу манзалати суд дар ҷомеа боло равад, пас, масъулинро зарур аст, ки аз пайи ислоҳи камбудиҳо шаванд.