Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 40-солаи ноҳияи Ҳамадониро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтараш ба итмом расонид. Айбдоршаванда муваққатан дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) иқомат мекард.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди вилояти Суғд, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Мафтуна Раҳматуллозода хабар дод, суд ӯро ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур пӯшида сурат гирифта, судя аз ифшои ҷузъиёти дигари парвандаи мазкур худдорӣ варзид.

Қаблан як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки бори нахуст ҳанӯз як сол пеш ин мард ба таҷовузи номуси духтараш даст задааст. Баъдан бо таҳдид чандин маротиба духтари 18-солаи худро ба ин кирдори номатлуб водор кардааст. То маълум шудани ҳомиладорӣ духтар ба касе чизе намегуфтаааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, модари духтар ба табибон муроҷиат намуда, онҳо ҳомиладории ӯро тасдиқ кардаанд. Духтарро исқоти ҳамл карданд.

Зимнан зикр гардида буд, ки ҳамсар ва фарзандони гумонбаршуда изҳор доштаанд, ки аз ҷониби ин мард мунтазам мавриди фишору зӯроварӣ қарор мегирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 феврали соли равон гумонбаршуда аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистони вилояти Суғд фирор намуда, ба туфайли тадбирҳои фаврии кормандони милитсия ва прокуратура дар муҳлати 12 соат дастгир шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.