Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати шахсии БДА-и пойтахт машварати оперативӣ-хизматӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунанрҳои мардумӣ, баҳри дидан намудани маконҳои таърихиву фарҳангӣ, истеъмоли обҳои мусаффову чашмаҳои шифобашх ташрифи шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон ба маротиб зиёд хоҳад шуд, ки ин яке аз мақсадҳои сиёсати олии кишвар ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз дар баробари густариши корҳои ободонӣ дар пойтахт, ҳамзамон ҳар як корманди милитсия махсусан нозирони БДА-и шаҳри Душанберо мебояд, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани хориҷиён дар баробари хушмуомилагӣ донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ низ бисёр муҳим мебошад.

Дар ҷараёни машварати хизматӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои роҳу нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ҳамзамон ба нозирони роҳ ҷиҳати рафтори дурусту бодиққатона бо шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон сардори Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Қурбонзода С. аз фаъолияти нозирони роҳ ҳисобот дода, зикр намуд, ки баҳри боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият ҷиҳати иҷроиши уҳдадориҳои хизматӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар машварати оперативӣ-хизматӣ баён гардида, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод.