Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятӣ бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид. Дар ин тағйироту иловаҳо сангинтар шудани ҷазо барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ дар парлумон вакил Бахтовар Сафарзода изҳор намуд, ки минбаъд барои такроран боздошт шудан моликони фоҳишахонаҳо ба муҳлати аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Қаблан чунин ҷазо пешбинӣ нагардида буд. То имрӯз дар Кодекси ҷиноятӣ барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, қонунгузории Тоҷикистон барои машғул шудан ба фоҳмишаграӣ ҷазо муқаррар накардааст. Дар ҷумҳурӣ фоҳишагарӣ ҷиноят шуморида нашуда, қонуншикании маъмурӣ маҳсуб меёбад.

Тирамоҳи соли 2015 парлумони кишвар ҷазо барои занонеро, ки ба фоҳишагарӣ машғуланд, сахттар кард: онҳоро метавонанд ба муҳлати то 15 шабонарӯз ҳабс кунанд.

Мувофиқи тағйирот ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар фоҳиша давоми як сол ду маротиба боздошт шавад, ӯ дар ҳаҷми аз 800 то 1000 сомонӣ (85-106 доллар) ҷарима мешавад ё аз 10 то 15 шабонарӯз мавриди ҳабси маъмурӣ қарор мегирад. То сахт шудани ҷазо онҳо аз 400 то 800 сомонӣ (43-85 доллар) ҷарима пардохт мекарданд.

Қаблан Кумитаи СММ зидди поймолкунии ҳуқуқҳои занон аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват намуд, ки ҷазо барои фоҳишагариро бекор кунанд.

Дар ҷаласаи Женева узви кумита хонум Жаҳон аз роҳбари ҳайати Тоҷикистон, прокурори генералӣ пурсидааст, ки ҳукумат дар ин самт чӣ тадбирҳо андешидааст. Юсуф Раҳмон посух додааст, ки “дар Тоҷикистон фоҳишагарӣ ҷиноят шуморида нашуда, қонуншиукании маъмурӣ маҳсуб меёбад, лекин барои даллаву миёнаравон, ки ба ташкили фоҳишахонаҳо машғуланд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст”.

Дар навбати ъхуд, аъзои Кумитаи СММ исрор варзидаанд, ки Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷазо барои фошиҳагариро пурра бекор намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.