Наздикони Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, боз шудани парвандаи нав алайҳи ӯро беасос медонанд ва мегӯянд, ки ин масъала ҳафт сол пеш ҳал шудаасту ниёзе ба боз кардани паврандаи нав нест.
Вакили дифои Иззат ҳам ба "Азия-Плюс" гуфт, аз қазия огоҳ аст ва барои тафсилоти бештар ба ВКД Тоҷикистон рафтааст.
Модари Иззат Амон, Ашӯрбибӣ Холова имрӯз, 9 март дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки бар зидди фарзандаш парвандаи нав кушодаанд ва барои баррасӣ Иззатро аз зиндони маъруф ба “Якум Советский” ба боздоштгоҳи мувақатии Душанбе (СИЗО) овардаанд.
Ӯ афзуд, шахсеро ки аз писараш ба мақомот шикоят бурдааст, мешиносад ва масъала сари 10 ҳазор долларе аст, ки ҳанӯз ҳафт сол пеш ҳал шудааст.
- Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд,- гуфт модари Иззат Амон.
Ашӯрбибӣ Холова афзуд, ки парвандаи нав нисбати писараш сохта буда, ин қазия асосе барои боз кардани парвандаи нав нест.
Вакили дифоъи Иззат Амон, Саидбурҳон Шарипов дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ боз шудани парвнадаи нав алайҳи зерҳимояаашро тасдиқ намуд ва гуфт, “аз қазия огоҳам, ҳоло дар роҳ ба сӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои муайян кардани тафсилоти қазия ҳастам”.
Шарипов ваъда кард, ки баъди берун шудан аз ВКД қазияро ба тафсил шарҳ медиҳад.
Бояд гуфт, ки ҳудуди се моҳ пеш дар “Ютуб” наворе пайдо шуд, ки марде худро Нурулло Воҳидов, сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ карда мегӯяд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вале ӯ ваъдаашро иҷро накард.
Ин мард мегӯяд, забонхати Иззат Амонро баро гирифтани 10 ҳазор доллар дар даст дорад.
- Ман “срок” - амро шишта, буромадам, Тоҷикистон омадам. Чанд бор занг задамша, гуфт (Иззат Амон дар назар аст- муаллиф), ки ман пули туро “расход” кардам. Ман дар интернет мебинам, ки писари Иззат Амон мегӯяд, падари маро барои 320 сомонӣ зиндон карданд. Падари тӯ (Иззат Амон дар назар аст,- муаллиф) аз ман 10 ҳазор доллар қарздор аст, то ҳол барнагардондааст. Пули маро баргардонед,- мегӯяд Нурулло Воҳидов.
Ӯ дар идома аз мақомот хоҳиш намудааст, ки ба додаш расанд ва Иззат Амон заррашро барқарор кунад.
Боз шудани парвандаи нав алайҳи иззат Амон дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 2021 Додгоҳи олии Тоҷикистон аз наздикони Иззат Амон хоста буд, ки аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон маълумотнома биёранд, ки нисбати ӯ парвандаи дигаре кушода шудааст ё не.
Он замон як нафари наздик ба парванда ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки сабаби дархости маълумотнома пахши видеову гузоришҳо бо ҳимоят аз Иззат Амон ва ҳамчунин даъвоҳо алайҳи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
- Мақомот мехоҳанд мутмаин бошанд, ки чунин иддаоҳо боиси боз шудани парвандаи нав шудааст ё не, -гуфта буд ҳамсуҳбати мо.
Он вақт вакили дифои Иззат Амон ба ВКД барои дарёфти маълумотномае, ки додгоҳ хоста буд дархост дод ва маълум нест ки чунин маълумотномаро датсрас крад ё не.
Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ карда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошта буд.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста