Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иштирокчиёни муноқишаро дар маҳаллаи Гипрозем муайян карда, 12 нафар волидони мактабхонҳоро ҷарима карданд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, 25 май дар як қатор шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ наврасон инъикос ёфтааст.
“Дар зимн шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, то нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, дар ин робита кормандони милитсия як қатор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, маълум шуд, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт рух дода, як гурӯҳ наврасон - хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.
Зикр мегардад, ки шахсияти ҳамаи ноболиғони дар ин муноқиша иштирокдошта муайян карда шуда, 12 нафар волидони онҳо мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷарима шуданд.
Дар ин модда огоҳӣ ё ҷарима дар ҳаҷми аз 3 то 7 нишондиҳандаи барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 64 сомонӣ) пешбинӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки 17 май дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода низ бар асари лату кӯби гуруҳӣ хонандаи синфи 10-уми ин мактаб Шуҳрат Холмуродов осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста