Раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва додраси ин догоҳ Рустам Маҳмадсаидзода ба гирифтани 2,5 ҳазор доллар пора гумонбар мешаванд. Дар ин бора раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, имрӯз, 14 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, ки нисбати ин ду нафар аз ҷониби Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳардуи онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.
"Раиси додгоҳ ва додрас дар гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазору 500 доллар гунаҳкор мешаванд. Муовифқи маълумоти мо ин маблағ байни раиси додгоҳ ва додрас тақсим карда шудааст. Парванда вақте барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ дохил шуд, баъд доир ба ин масъала пурратар маълумот дода метавонем", - гуфт Шоҳиён.
Хабари боздошти Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев аввалҳои моҳи май расонаӣ шуд ва дертар Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
Рӯзи 30 май Муҳаммадзода, Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як додраси додгоҳи ноҳияи Сино Раҳмиддин Раҳимзода бо фармони раисҷумуҳури кишвар аз вазифа озод шудаанд.
Шермуҳаммад Шоҳиён, имрӯз, дар ҳузури журналистон аз боздошти Рустам Саидаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Азиза Ҳайдарова, котиби ин додгоҳ, ки чанде пеш сару садои зиёде дар пай дошт, рӯшанӣ андохт.
Ба таъкиди ӯ, Саидаҳмадзода дар содир кардани ду ҷиноят гунаҳкор дониста мешавад ва нисбати вай аз ҷониби Додситони кул парвандаи ҷинотяӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ дома дорад.
"Нисбати Саидаҳмадзода бо моддаи 316 қисми 2 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 346 қисми 3 (дидаву дониста расонидани хабар бардурӯғ оиди аз ҷониби додрас содир намудани ҷиноят) парвнада боз шудааст. Парвандаи пурра вақте, ки тафтиши пешакӣ ба анҷом мерасад ва ба Додгоҳи олӣ дохил мешавад, пурратар маълумот пешниҳод мекунем", - гуфт Шоҳиён.
Номбура ҳамчунин афзуд, нисбати Азиза Ҳайдарова, ки гуфта мешавад, котибаи Рустам Саидаҳмадзода буд, бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ боздошт шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои “Радиои Озодӣ” Рустам Саидаҳмадзодаро рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтанд. Вай иттиҳомро рад карда, гуфтааст, дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.
Номи ӯ соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.
Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки духтарашро ба қаллобӣ ҳангоми хариди хона муттаҳам мекунанд, вале розӣ нест. Чун, ба гуфтааш, хонаро ӯ ду сол пеш ва бо пуле харидааст, ки дар Русия кор карда буд.
Ӯ дар як суҳбати видеоӣ афзуд, духтараш ҳеч кори хато ё қонуншиканӣ накардааст ва иддао дорад, ки муфаттишон аз ин роҳ маҷбур кардаанд, ба зидди Саидаҳмадзода шаҳодат бидиҳад.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали имсол 4 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон бо гумони гирифтани пора дастгир шуданд. Ӯ ба ғайр аз се додраси номбурда, аз боздошти як додраси додгоҳи ноҳияи Сино низ ишора кард. Аз ӯ ном набурд, вале ба эҳтимоли зиёд ӯ, Раҳмиддин Раҳимзода аст, ки чанде пеш бо фармони президент “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб озод шуда буд.
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста