Соли 2022 кормандони мақомоти зиддифасоди вилояти Суғд 45 ҷинояти коррупсионии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоятро ба қайд гирифтаанд. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба қавли ӯ, бештар аз ҳама дар шаҳри Хуҷанд ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 91 ҳолатро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 9 ҷиноят аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, 12 ҷиноят аз тарафи кормандони маориф ва 9 ҷиноят аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Б. Ғафуров, Ашт ва Ҷ. Расулов низ афзудааст.
“Таҳлили субъектҳои ҷиноятро муайян кунем, муовини раиси шаҳру ноҳияҳо 1 нафар, собиқ роҳбари дастгоҳ 1 нафар, раис ва муовинони раиси ҷамоатҳо 7 нафар, директор, мудири шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ 6 нафар, сармутахассис, муҳандис, заминсоз, сармуҳосиб, коргузор ва дигар кормандон дар маҷмӯъ 13 нафарро ташкил медиҳад”, - афзуд манбаъ.
Давоми соли 2022 аз тарафи кормандони мақомоти зиддифасоди вилоят 455 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст, ки аз ин 213 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.
“Дар объектҳои тафтишашон ба итмом расида, ба маблағи умумии 33,7 млн сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор ва 99,8%-и он барқарор карда шудааст”, - афзуд Шараф Аваззода.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чанде пештар директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода шаҳрҳои аз ҳама бештар ба коррупсия дастдоштаро номбар кард, ки дар он Хуҷанд бо 5,7 млн сомонӣ фасоди ошкоршуда мақоми дуюмро соҳиб шудаст.
Ҳамчунин, дар рӯйхати зикргардида ноҳияи Зафаробод (4,2 млн) ва шаҳри Конибодом (3,5 млн) низ ворид шудаанд.
Огоҳии КҲФ аз обуҳавои номусоиди рӯзҳои наздик
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста