Бо гузашти беш аз 4 моҳ, шикояти назоратии Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар робита ба бозбинии парвандааш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ нашудааст. Дар ин бора наздикон рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, 10 рӯз пас аз бетағйир гузоштани ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе (шикояти кассатсионӣ) дар робита ба бозбинии ҳукми Далери Имомалӣ онҳо барои бозбинии ҳукм ба зиндаи дигар – назоратии Додгоҳи шаҳри Душанбе дархост пешниҳод карданд, вале бо гузашти беш аз 4 моҳ аз он ҳеҷ натиҷае нест.

“Дар ин муддат вакили дифоъ ду маротиба аз додгоҳ пурсид, ки натиҷаи баррасии дархости мо чӣ шуд,  ду дафъа ҳам як посух буд: дида мебароем. Рӯзи дақиқро намегӯянд. Намедонем чаро онро баррасӣ намекунанд”, - гуфт яке аз наздикони Далери Имомалӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Ин ҳамсуҳбати мо, ки чанде пеш бо Далер дар маҳбас вохӯрдааст, гуфт, аз тарзи нигоҳдорӣ ва шарту шароит дар зиндон шикоят надорад.

Ӯ афзуд, Далери Имомалӣ ба адолати додгоҳӣ дар зинаҳои болоии додгоҳ бовар дорад ва умедвор аст, ки зинаҳои болоӣ бегуноҳии ӯро эътироф мекунанд.

Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми октябри соли гузашта ба 10 соли зиндон ва пардохти 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.

Худи Далери Имомалӣ дар номае аз дохили боздоштгоҳ, ки ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ирсол шада, нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” расид, навишт, ки тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.

Ҳамин тариқ, ӯ аз рӯи ҳукми  Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурд ва додгоҳи пойтахт 30-юми ноябр ҳукми 10 соли зиндони Далери Имомалиро бетағйир гузошт.

Дар соли 2022 ба ғайр аз Далери Имоамлӣ, се рӯзноманигори дигари тоҷик, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Моҳи марти соли равон, Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт, низ боздошт ва ба қавли наздиконаш, барои узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар мешавад. Худи Хуршед Фозилов гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.

Ҳоло прарвандаи ӯ дар ҳоли баррасӣ аст ва худи ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад.

Қаблан, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карда буданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.