Дар Душанбе ҳолати дуздии барқ ошкор гарддидааст, ки ба “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и пойтахт беш аз 73 ҳазор зарар овардааст. Дар ин бора Додистонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Ш.Р., сарнозири зеристгоҳи “Навбаҳор”-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино-1 бо роҳи дуздӣ як хати 3 ноқила (3 фаза)-ро берун аз ҳисобгираки барқӣ ба коргоҳи як соҳибкор гузаронидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, сарнозир ин корро бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор ва бо мақсади озод намудан аз пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва расонидани зарар ба ташкилоти таъминкунандаи нерӯи барқ амалӣ крадааст.
“Тибқи хулосаи Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе муштарӣ Т.А. қувваи барқро тариқи дуздӣ ба миқдори 60 ҳазору 434,88 кВт/с ғайриқонунӣ истифода намуда, ба маблағи 73 ҳазору 307 сомонӣ ба филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе зарар расонидааст”, - гуфтааст Додситонии шаҳри Душанбе.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Ш.А. ва Т.А. барои расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ бо расонидани зарар ба миқдори калон (моддаи 253 қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷинотяӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.
Ин банди қонунгузорӣ аз 547 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ҷарима ё аз 3 то 5 сол зиндонӣ пешнибнӣ мекунад.
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста