Оиша Шарипова, зане, ки моҳи сентябри соли 2022 аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тифли навзодеро дуздида буд, бо ҷурми одамрабоӣ ба 8 соли зиндон маҳкум гардидааст.

Ҳукми ин занро Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бароварда ва онро дар сомонааш ба нашр расонидааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, “Шарипова бо сабаби фарзандор нашуданаш, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи пинҳонӣ аз шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ як нафар тифли навзодро рабуда, соҳиби фарзанд шавад”.

“Барои амалӣ намудани нақшаи таҳрезикардааш моҳи феврали соли 2022 тавассути телефони мобилӣ ба шавҳараш оиди ҳомиладор шуданаш хабари бардурӯғ дода, минбаъд муддати 9 моҳ дар зери либоси танааш дар қисми шикам латаю ҳаргуна матоъ баста, худро барои атрофиён ҳамчун ҳомиладор вонамуд кардааст”, - менависад Додгоҳи ноҳияи Хуросон.

Дар идома меафзояд, ки “баҳри иҷрои нақшаи тарҳрезӣ намудааш бегоҳи 23-юми сентябри соли 2022 ба шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи А.Ҷомӣ омада, ҳолати рафтани навбатдорро истифода бурда, дарҳол бо роҳи тиреза вориди долони шуъбаи таваллудхона шуда, сипас ба яке аз ҳуҷраи наздиктарин, яъне ҳуҷраи табобати шиддатнок ворид шуда, кӯдаки навзодро бурда, пинҳон кардааст”.

Тавре додгоҳи ноҳия менависад, рӯзи 30-юми сентябри соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи тифли навзоди дар боло номбаршуда дарёфт карда, ба модараш баргардонида шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросон Оиша Шарипова бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъйин карда шудааст.

Бояд гуфт, ки ин аз камтари ҳолатҳои дуздии тифли навзод дар Тоҷикистон буд ва хабари ин дуздӣ дар моҳи сентябри соли сипаришуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро дар пай овард.

Ёдовар мешавем, ки Дар охири соли 2022, тибқи маълумоти Ҳисобкунаки аҳолии ҷаҳон Countrymeters, шумори аҳолии Тоҷикистон 10 млн 078 ҳазору 507 нафар зикр шудааст. Дар давоми соли 2022 ин теъдод тақрибан 221 ҳазору 005 кас афзудааст.

Тибқи ҳисоби Countrymeters, соли 2022 ҳамарӯза дар Тоҷикистон тақрибан 605 нафар таваллуд шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.