Роҳбар ва чор узви гурӯҳи этникӣ, ки ба фурӯши маводи нашъаовар дар Ҳавзаи федералии Сибр машғул буданд, боздошт шуданд. Дар мошини онҳо бастаҳо бо 1 кило героин дарёфт шудааст, иттилоъ додаанд ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти РВКД-и минтақа.

“Аз ҷониби кормандони Раёсати назорати маводи нашъаовари РВКД Русия дар вилояти Томск фаъолияти гурӯҳи муташаккили этникии машғул ба фурӯши маводи нашъаовар дар қаламрави Ҳавзаи федералии Сибир қатъ шуд... Дар роҳи даромад ба маркази вилоят (Томск) роҳбари гурӯҳ - зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 1976 боздошт шуд, ки роҳу воситаҳои интиқоли маводи мухаддирро ба қаламрави вилоят ба роҳ мондааст”, - омадааст дар хабар.

Ҳангоми азназаргузаронии мошини ӯ аз дохилаш бастаҳои маводи полимерии ранги сиёҳ дарёфт шудааст. Ташхис нишон додааст, ки он маводи героин буда, вазнаш беш аз 1 килоро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин боз 4 узви дигари гурӯҳ - 3 шаҳрванди Ӯзбекистон (солҳои таваллудашон 1984, 2003 ва 2004) ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон (соли таваллудаш 1982) боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, маводи нашъаоварро онҳо ба таври чакана тариқи пинҳонгоҳҳо мефурӯхтаанд.

Кормандони пулис зиёда аз 200 баста бо маводи манъшуда, масолеҳ барои баста, инчунин беш аз 10 бастаи барои дар пинҳонгоҳҳо гузоштанро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Мутобиқи моддаҳои 30 қисми 3 ва 228.1, қисмҳои 4 ва 5 КҶ ФР (суиқасд ба ҷиноят; истеҳсоли ғайриқонунӣ, фурӯш ё интиқоли маводи нашъаовар) 4 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба ҳамаи боздоштшудагон айбнома пешниҳод гардида, ба сифати чораи пешгирӣ дар ҳабс қарор доштан татбиқ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.