Дар Русия тағйирот ба қонун қабул шуд, ки мутобиқи он ба хориҷиён барои ба таври соддатар гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ба ивази қарордод ба имзо расонидан бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия имкон дода мешавад.

Маҳз барои киҳо гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист соддатар карда мешавад?

Ҳуҷҷати иҷозаи зистро ба таври соддатар он хориҷиёне гирифта метавонанд, ки ҳангоми ҷанг бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия қарордод мебанданд. Дар ҳамин ҳол, қарордод бояд ба муҳлати як сол ба имзо расад.

Ба оилаи шаҳрванди хориҷии бо Қувваҳои мусаллаҳои Русия қарордодбаста ҳам дахл мекунад?

Ба ҷуз худи шахсе, ки қарордод ба имзо мерасонад, гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист барои аъзои оилаи ӯ ҳам содда мешавад, ҳатто дар сурати марги ӯ. Аъзои оилаи ӯ ҳамсар, фарзандон ва падару модараш шуморида мешаванд.

Гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист маҳз чӣ гуна соддатар карда мешавад?

Шаҳрвандони хориҷие, ки бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия қарордод ба имзо мерасонанд, Ҳуҷҷати иҷозаи зистро бидуни дарёфт намудани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) гирифта метавонанд.

Сурат аз аз торнамои мақомоти пулиси Митиши

Агар ман бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия қарордод имзо кунам, ҳатман ба ҷанг меравам?

Хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқи қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд ва хидматро натанҳо дар ҳудуди давлат адо мекунанд. Лекин матни тағйирот мустақиман ба он ишора мекунад, ки хориҷиёнро маҳз ба ҷанг мефиристанд.

Қаблан вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев пешниҳод намуд, ки “баталйон (воҳиди низомӣ)-и тоҷикӣ” ташкил карда шавад. Ғайр аз ин, дар маркази бисёрсоҳавии “Сахарово” бисёр ҳолатҳое ҷой доштанд, ки ба хориҷиёни барои гирифтани иҷозатномаи кор омада пайвастан ба сафи артиши Русияро пешниҳод мекарданд.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов корбарони “Азия-Плюс”-ро огоҳ карда буд, ки ба эҳтимоли зиёд, то тирамоҳи соли ҷорӣ баталйони алоҳида созмон намеёбад, аммо теъдоди тоҷикон дар сафи артиши Русия ҳатман зиёд хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, ба гумон аст, ки интихоби ҷойи хидмат ба шумо муяссар шавад ва ба эҳтимоли зиёд, шуморо ба Украина сафарбар мекунанд.

Агар бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия қарордод бандам чӣ?

Хидматчиёни ҳарбие, ки қарордод ба имзо мерасонанд, барои давраи омодагӣ ба қисмҳои низомии таълимӣ фиристода мешаванд. Муҳлати ин давра ба ихтисоси ҳарбии доштаи шумо вобаста аст, аммо дар маҷмӯъ он метавонад ҳамагӣ ду ҳафта бошад.

Дарҳол пас аз ин шуморо ба минтақаи амалиёти ҷангӣ фиристода метавонанд.

Барои тоҷикони иштирокчии амалиёти ҷангӣ ягон ҷавобгарӣ ҳаст?

Барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишвари дигар (муҳим нест, ки ба ҷонибдории Русия ё Украина), ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷазои аз 10 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев махсус барои “Азия-Плюс” шарҳ дода буд, ки ин гуна шаҳрвандони Тоҷикистон мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ муҷозот мешаванд.

Ба ин тариқ, агар шумо тасмим гирифтаед, ки маҳз бо ҳамин тарзи соддашуда, яъне тариқи иштирок дар ҷанги Украина Ҳуҷҷати иҷозаи зист дарёфт мекунед, пас ҳангоми бозгашт ба ватан шуморо ҷазои ҷиноӣ интизор аст.

Ҷавобгарӣ надоштан ба тоҷикистониён барои зархаридӣ танҳо дар  ҳолате пешбинӣ шудааст, ки онҳо аллакай бо доштани шаҳрвандии Русия ва доимо зиндагӣ кардан дар он ҷо дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.