Давоми шаш моҳи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 2 тоннаю 476 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм (2 тоннаю 578 кг) 101 кг кам мебошад. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз, 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Тибқи иттилои ӯ, дар шаш моҳи аввали соли 2023 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ 1 тоннаю 322 кг (2022 - 1 тоннаю 8 кг), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 782 кг (2022 - 1 тоннаю 289 кг), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 5 кг (2022 - 4 кг) ва Хадамоти гумрук 37 гр (2022 - 23 кг) маводи мухаддир мусодира гардидааст.

Номбурда афзуд, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар беш аз 366 кг маводи нашъаовар мусодира гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 кг зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Воҳидзода бештари маводҳои мухаддири мусодирашуда дар ҳудуди вилояти Хатлон дарёфт шудаанд. Гуфта мешавад, ки он аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Теъдоди нашъамандон кам шудааст

Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шашмоҳаи гузашта теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон кам шудааст.

“Ҳоло дар Тоҷикистон 4 ҳазору 183 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (4 ҳазору 437 нафар) 254 нафар ё 5,7 фоиз коҳиш ёфтааст”, - зирк кард директори Агентии назорати маводи нашъаовар.

Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 103 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2022-юм 100 нафар зани нашъаманд дар кишвар ба қайд гирифта шуда буд.

Ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир афзоиш ёфтаанд

Мутобиқи маълумотҳои оморӣ, дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 391 ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор ошкор карда шудааст. Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм 7 ҷиноят (2022 - 384) зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода дар шашмоҳаи аввали соли 2023-юм 7 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шудаанд, ки ин ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 2 нафар зиёд мебошад.

Тавре ӯ иброз дошт, содир кардани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ҳам дар семоҳаи аввали соли равон ба қайд гирифта шудаанд.

“Дар се моҳи аввали соли равон 308 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар хориҷи кишвар дастгир шудаанд”, - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Ӯ афзуд, ки аз ин теъдод шаҳрванди Тоҷикистон беш аз 90 кг маводи мухаддир дар хориҷи кишвар мусодира шудааст.

"Аз ин шаҳрвандон 287 нафар бо наздики 50 кг маводи мухаддир дар қаламрави Русия дастгир шудаанд", - гуфт Воҳидзода.

Дигар шаҳрвандони Тоҷикистон бо содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дастгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.