Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остона сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ҳамроҳӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар нишасти мазкур сарони кишварҳои узви созмон масоили марбут ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ дар доираи созмонро баррасӣ хоҳанд кард.

«Дар чаҳорчӯби ин сафар президенти Тоҷикистон шояд бо чанде аз сарони кишварҳои узви созмон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом диҳад», - гуфт манбаъ.

Номбурда таъкид кард, ки нишасти Остона ғайрирасмӣ буда, аз ин рӯ, дар он асноди расмӣ ба имзо намерасанд. «Аммо ташаббусҳои ба қадре назаррас қабл аз рӯйи коғаз омадан маҳз дар чунин нишастҳо баррасӣ мешаванд», - афзуд ӯ.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, дар нишаст ба ҷуз президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ҳамаи сарони кишварҳои узви созмон ширкат хоҳанд варзид.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.