Душанбе. 17-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе намеояд.

Мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷии маъмурияти президенти Озарбойҷон Наврӯз Мамедов ба расонаҳои хабарӣ изҳор кардааст, ки Илҳом Алиев дар кори нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 2-3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат нахоҳад варзид. Дар ин нишаст Озарбойҷонро нахуствазири кишвар Артур Росизода намояндагӣ мекунад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки президенти Озарбойҷон дар қатори сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Туркманистон шахсан иштироки худ дар нишасти Душанберо тасдиқ намуда буд.

Ёдрас мекунем, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст.

Дар нишасти мазкур раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Тоҷикистон ба Туркманистон месупорад.