То имрӯз ҳашт нафар сарварони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироки худ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанберо тасдиқ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, иштироки сарони кишварҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина, Белорус ва Туркманистон аз ҷониби сохторҳои дахлдори ин давлатҳо тасдиқ гардидааст.

Сарони кишварҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон аз ширкат дар нишасти Душанбе худдорӣ варзиданд. Дар нишасти мазкур онҳоро нахуствазирони ин кишварҳо – мутаносибан Шавкат Мирзиёев ва Артур Росизода намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст.

Дар нишасти мазкур раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Тоҷикистон ба Туркманистон месупорад.