Ҳафтаи оянда ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид озими Ню-Йорк мешавад.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар якчанд чорабиниҳои дар ҳошияи иҷлос барпошаванда иштирок мекунад.

 Дар чаҳорчӯби сафари кории Вазир ба Ню-Йорк, инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ ба нақша гирифта шудаанд.

Рӯзи 21-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк музокираҳои умумӣ оғоз гардида, то 27-уми сентябр идома меёбанд. Рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар чаҳорчӯби чорабиниҳои иҷлосияи 66-уми Маҷмаъй Умумии СММ ҷаласаи бахшида ба масоили пешириии бемориҳои ғайрисироятӣ доир мегардад. Ҳамчунин баррасии масоили хушксолӣ ва биёбоншавии заминҳо низ дар назар аст.