Дар чаҳорчӯбиби сафар ба шаҳри Ню-Йорк ва ширкат дар кори иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кулли СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Роберт Блейк мулоқот намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва вазъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Юсуф ибни Алавӣ Ибни Абдулло мулоқот намуда, зимни мулоқот масъалаҳои муносибати дуҷониба ва роҳҳои густаришу таҳкими он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунини ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналхалқӣ табодули назар намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои “Шоҳроҳи нави абрешим”, ки бо ташаббуси вазирони корҳои хориҷии Олмон, Афғонистон ва ШМА даъват гардида буд, низ иштирок ва суханронӣ намуд.

 Дар суханронии худ Ҳ. Зарифӣ аз корҳои анҷомдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими равобит бо Афғонистон ёдовар гардида, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои минтақавӣ, ки ба таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон равона гардидаанд, изҳор намуд. Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар чаҳорчӯби ташаббуси “Шоҳроҳи нави абрешим” амалӣ шаванд.