Вазири давлати оид ба рушди байналмилалии Шохигарии Муттахидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимоли, узви Парлумон, чаноби Алан Данкан рузхои 17-19 октябри соли 2011 бо сафари расми ба Точикистон хохад омад .

Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар тоҷикистон хабар доданд, тӯи сафари расмии худ чаноби Алан Данкан бо намояндагони олимакоми Точикистон вохурда, инчунин тасмим гирифтааст, ки аз чануби кишвар дидан намояд.

Максади асосии ин сафар, тасдики ниятхои хукумати Британияи Кабир оиди тамдиди хамкори бо Чумхурии Точикистон ва дастгирии устувории ислотхои иктисоди дар Точикистон мебошад.  

Вазири давлати, узви Парлумон – Алан Данкан 13 майи соли 2010 вазири давлати оид ба рушди байналмилали таъин шудааст.

Сафархои зиёд ба саросари чахон дар давоми хаёти хеш боиси зиёд гаштани шавку рагбати Алан Данкан ба робитахои байналмилали гардид. Вай соли  1957 ба дунё омада, дар шахри Хартфордшир ба воя расида, падари худро, ки корманди куввахои мусаллахи хавоии    Шохигарии Британияи Кабир буд, дар хамаи минтакахои дунё хамрохи мекард ва баъдан тахсили худро дар Оксфорд ва Харвард идома додааст. Дар ибтидои фаъолияти хеш ба хайси маъсули тичорати нафт дар давлатхои Шарки Наздик, Осиёи Чануби-Шарки ва Сингапур, ки тули 2 сол зиндаги кардааст, хизмати вазифа намудааст.

Алан Данкан дар рафти ишгол намудани мансаби парлумони хама вакт  вазъияти сиёсии дунёиро мушохида мекард, ки ин дар тайъин намудани вай ба хайси Котиби Ичроия оид ба рушди байналмилали барои солхои 2004-2005 инъикос ёфтааст. Вай шахсан чонибдори максади асосии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир оид ба бартараф намудани камбизоати дар руи дунё буда, тули солхои дароз чонибдори идораи самаранок ва харчи сарфакоронаи кумакхо мебошад.  

Алан Данкан соли 1992 чун узви Хизби Консерватори, ки аз намояндагии графигарии Ратленд ва Мелтон буд, ба Парлумон ворид гардид. Баъд аз 5 сол ба хайси муовини чаноби Уилям Хейг, Раиси Хизби консерватори ва Котиби Парлумони оид ба масъалахои сиёси дар Парлумон  таъин гардид. 

Вай якчанд вазифахоро дар Кабинети Ичроия ишгол намудааст, чанде кабл (соли 2005) Котиби Ичроия оид ба маъсалахои энергетики ва савдо буд. Соли 2009 Алан Данкан чун Сарвари Палатаи Умуми ва баъдан Вазири Ичроия оид ба масъалахои чазо ва ичроиши чазо ичрои вазифа кардааст.