Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данканро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, ба густариши бештари ҳамкорӣ бо он изҳори ҳавасмандӣ кард.

 Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати Британияи Кабир барои кўмакҳои техникӣ  арзи сипос карда, ҳамзамон аз кўмакрасонӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои бузургу миёна гузаштанро зарур шуморид. Барои ин ба имзо расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукурата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя матлуб дониста шуд.

 Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.