Дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шартнома дар бораи минтақаи озоди савдо миёни кишварҳои узви иттиҳод ба имзо расид.

Санади мазкур бекор кардани боҷи содиротиву воридотӣ ба як гурӯҳ маҳсулотро пешбинӣ мекунад. «Мутаносибан қимати ин маҳсулот низ поин хоҳад рафт», - гуфтааст нахуствазири Русия Владимир Путин.

Дар зери санад нахуствазирони 8 кишвари узви ИДМ имзо гузоштанд. Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон то ахири сол сатҳи иштироки худ дар ин шартномаро муайян мекунанд.

«Соли 1994 шартномаи нахуст дар бораи савдои озод ба имзо расида буд, вале чун он аз ҷониби як қатор кишварҳо тасдиқ нагардид, воқеъан ҳам амал намекард ва кунун тамоми ихтилофот роҳи ҳалли худро пайдо карда, шартномаи нав дар бораи минтақаи озоди савдо ба тасвиб расид», - изҳор кардааст В. Путин.

Ба эътиқоди нахуствазири Русия, қабули шартнома ба бартараф сохтани бисёр монеъаҳо мусоидат намуда, ба рушди сифатан нави робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо имкон муҳайё мекунад ва ҷиҳати такмили минбаъдаи иттиҳод таҳкурсии боэътимод мегузорад.

Хабаргузории РИА «Новости» менависад, имрӯз нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ пешниҳоди Путин перомуни дар қаламрави собиқ шӯравӣ ташкил кардани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ мекунанд. Ба андешаи нахуствазири Русия, иттиҳоди нав бояд маркази раванди ҳамгиройӣ гардида, дар фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсолоти муосиру пешқадам ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми босазо хоҳад гузошт.