Санаи мушаххаси сафари расмии президенти Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон муайян карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Александр Лукашенко рӯзи 27-уми октябри соли равон ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, бо назардошти натоиҷи гуфтушуниди ҷонибҳо дар сатҳи олӣ аз имзои Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус зиёда аз 52,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 47,7% бештар аст. Аз Тоҷикистон ба Белорус ба маблағи 9,7 млн. доллари ИМА маҳсулот фиристода шудааст, ки асосан нахи пахта мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти аз Белорус ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 43,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Аз Белорус ба Тоҷикистон техникаи нақлиётӣ ва қисмҳои эҳтиётии он ворид мешаванд. Миёни кишварҳои узви Итттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Белорус дар муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон пас аз Русияву Қазоқистон мақоми сеюмро ишғол мекунад.