Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири навтаъиншудаи Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Япония Паёми арзи сипоси Вазири корҳои хориҷии Япония Коичиро Гембаро ҷиҳати табрикот бо таъйин шудани эшон ба вазифаи воломақом пешкаш намуд.

 Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Дар охири сӯҳбати пурмӯҳтаво Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ дар Душанбе, барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни кишвари худ ва Тоҷикистон саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирикро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин дар мавзӯи ҳамкориҳои минтақавӣ, хусусан дар вобастагӣ ба Афғонистон, мубодилаи афкор намуданд.

 Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон айни замон тамоми кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба кори Конфронси қарибулвуқӯи Истамбул оид ба Афғонистон дар мавзӯи “Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё”, ки баргузории он 2 ноябри соли 2011 дар шаҳри Истамбул дар назар аст, саҳми худро гузорад.