Бо наздик шудани охири соли 2011, диққати васоити ахбори умум дар атрофи сарбанди Роғун афзуда истодааст. Зеро дар аввали соли 2012 Бонки Умумиҷаҳонӣ ният дорад, ки натиҷаи ташхиси худро оид ба бехатар будани сарбанд нашр намояд.

Дар ҳисобот ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мегарданд ва натиҷаи он метавонад вазъиятро дар минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистон тезутунд намояд. Ӯзбекҳо ба таври ашаддӣ мухолифи сарбанди Роғун ҳастанд, зеро хавф аз он доранд, ки сарбанд дар ҳолати заминларза тоб оварда наметавонад ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов нигарони он аст, ки дар оянда сарбанд ба норасоии об дар соҳаи кишоварзии мамлакаташ, ки аллакай ин зуҳурот ҷой дорад, оварда мерасонад.

Шахсан худам аз Роғун ва Норак дидан намудам. Боварии комил дорам, ки ин ҳар ду лоиҳа хатарнок нест ва аз назари аҳамияти минтақавӣ хеле муҳим мебошад. Чуноне, ки қаблан баён намуда будам, ман хушҳолам, ки қарори ниҳоиро дар бобати ба мақсад мувофиқ будани сохтмони Роғун коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ қабул хоҳанд кард, вале бозингарони минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд эътироф намоянд, ки бо ва ё бе иштироки давлатҳои ҳамсоя ва ё кишварҳои поёноб, Роғун ва дигар сарбандҳои ба он монанд мавриди сохтмон қарор доранд ва онҳо ба зудӣ сохта хоҳанд шуд.

Истилоҳи «ҳамкории минтақавӣ» дар Осиёи Марказӣ суиистифода шудааст, зеро онро чунон бисёр ба забон овардаанд, ки ба як ибораи оддӣ мубаддал гаштааст. Вале ягон сабабе нест, ки лоиҳаи Роғун боиси бурд ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба кишварҳои поёноби ба монанди Ӯзбекистон наметавонад шуд. Бешубҳа, сарбанди Роғун обро истифода мебарад ва барои пур намудани он 13 млрд. м 3 об лозим аст, аммо шаккокҳо зуд аз хотир мебароранд, ки нерӯгоҳҳои обию барқӣ аслан обро истеъмол наменамоянд.

Усулҳои асосии фаъолияти НОБ дар он аст, ки об аз баландии муайян тавассути қубурҳо бо суръати баланд ба поён фароварда шуда, фишори баланди бавуҷудомадаи об агрегатҳоро ба ҳаракат медарорад ва дар натиҷа фишори иқтидори нерӯи об ба қувваи барқ табдил меёбад. Ин раванд обро истифода мебарад, вале онро истеъмол наменамояд. Ин манбаи самаранок ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, имконият медиҳад, ки оби беруншудаи НОБ ба дигар мақсадҳо низ истифода гардад. Ҳар 600 кВт неруи барқи тавлидшуда ба як баррели нафт баробар аст (агар коэффисенти муфиди нафт дар тавлиди неру 38%-ро ташкил диҳад).

Баъд аз ба кор даровардани шаш турбинаи НОБ-и Роғун бо иқтидори  умумии 3600 мВт, ҳар сол 13,3 млрд. кВт соат неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Агар низоми неругоҳи обию барқӣ ба таври бояду шояд сохта шавад, мӯҳлати хидмати он дарозмуддат ва устувор мегардад, дастрас шудан ба қувваи барқ имконпазир мешавад ва  хароҷоти нигоҳдорӣ низ паст хоҳад шуд.

Бешубҳа, неругоҳи обию барқӣ технологияи мураккаб буда, маҷрои дарёҳо ба тағйиротҳои мавсимӣ мубтало мегардад, вале бо назардошти таваҷҷӯҳи фарогир ба манбаҳои неруи барқароршаванда ва инчунин бо ёдоварӣ аз баргузор гардидани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (Rio+20) тақрибан ҳамзамон бо нашр шудани гузориши Бонки Умумиҷаҳонӣ роҷеъ ба НОБ-и Роғун, дар ҳақиқат аҷиб менамояд, ки мардум ба зудӣ аз лоиҳаи НОБ, ки қувваи барқи тозаро барои чунин минтақаи сусттараққиёфта тавлид менамояд, даст кашида истодаанд.

Мунаққидхо борҳо таъкид менамоянд, ки ба анҷом расонидани сохтмони Роғун ба Тоҷикистон имконияти назорат намудани дарёро медиҳад. Ин дарё – дарёи Вахш буда, бо дарёи Панҷ пайваст шуда, Амударёро ташаккул медиҳад, то ба Ӯзбекистону Туркманистон расида дар натиҷа қисми ҷанубии баҳри Аралро бо об таъмин менамояд. Дар баробари лоиҳаҳои сарбандҳои Сангтуда ва Норак, (якумаш дар моҳи сентябр расман ба истифода супорида шуд) ва ҳангоме, ки 3 марҳалаи сохтмони НОБ-и Роғун ба анҷом расонида шавад, он, бешубҳа, ба шохаҳои дарёи Вахш, ки 25 фоизи Амударёро ташкил медиҳад, таъсири кӯтоҳмуддат мерасонад.

Аммо савол ба миён меояд, оё Роғун ба манбаи оби давлатҳои поёноб таҳдид карда метавонад? Дар баробари истифодаи сарчашмаҳои худ, давлатҳои болообро лозим намеояд, ки аз манфиатҳои давлатҳои поёноб истифода намуда, фоида ба даст оранд.

Вазъияти бебохт нисбат ба НОБ-ҳои кишварҳои болооб ва соҳаи кишоварзии поёноб имконпазир аст ва он дар сурате ҷой дошта метавонад, агар обпарто ба шарте амал кунад, ки ҳар ду бозингар обро истифода карда тавонанд. Барои ноил гаштан ба ин зарур аст, ки байни тарафҳо робита ва ҳамкорӣ дар ин самт ба роҳ монда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок бой набуда, ягона сарвати он об мебошад. Қисмати калони сарзамини Тоҷикистон аз кӯҳҳои мушкилгузар ва барои зист носозгор иборат мебошад, илова бар ин Тоҷикистон то ҳол дар раванди барқароршавӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад. Бо анҷом кардани сохтмони Роғун, Тоҷикистон метавонад амнияти энергетикии худро солҳои тулонӣ таъмин намояд. Ин маънои онро дорад, ки ҷумҳурӣ ба дигар масъалаҳо, аз қабили такмил додани вазъи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва мустаҳкам намудани раванди демократикунонии кишвар таваҷҷӯҳ хоҳад дод. Анҷоми сохтмони Роғун маънои онро дорад, ки қувваи барқи тоза метавонад ба кишварҳои ҳамсоя содирот карда шавад ва ин ба онҳо имконият медиҳад, ки аз содироти захираҳои карбогидридҳои худ фоидаи молиявӣ ба даст оранд. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкорӣ омода мебуданд, он гоҳ ҳеҷ чиз боиси он намегардид, то Тоҷикистон таъмини обро ҳарчи зудтар ба соҳаи кишоварзии давлатҳои поёноб, ки аз норасоии он дар ин соҳа ба ташвиш омадаанд, ба роҳ монад. НОБ-и Роғун ҳамчунин метавонад кафолат диҳад, ки мамлакатҳои поёноб дар давраҳои хушксолӣ низ бо об таъмин шаванд.

Вале дар ин самт натанҳо Ӯзбекистон, балки дигар давлатҳои ҳамсоя низ аз Роғун истифода бояд кунанд. Наздик будани Тоҷикистон ба Афғонистон, Эрон ва Покистон, онро дар сафи пеши муборизаи умумиҷаҳонӣ бар зидди экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мегузорад. Тоҷикистон барои Ғарб аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мебошад. Ин кишвар дар таъмини субот дар чунин минтақаи ноором нақши калидиро мебозад. Тоҷикистон ғайр аз ба даст овардани амнияти энергетикӣ бо Роғун, инчунин метавонад қувваи барқро ба кишварҳои ҳамсоя содирот намояд. Айни замон, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Афғонистон хати интиқоли қувваи барқи 500 кВт сохта шудааст, ки метавонад ба нерӯҳои байналмилалӣ дар барпо намудани сулҳ ва барқарор сохтани иқтисодиёти харобгардидаи Афғонистон мусоидат намояд. Ҳамчунин ҳеҷ гуна сабабе барои содир накардани қувваи барқ ба Покистон вуҷуд надорад, чунки он ҷо норасоии қувваи барқ ошкор назаррас аст.

Ба ҷои бо ором кардани давлатҳои шубҳадошта машғул будан, кишварҳои Ғарб бояд онҳоро бовар кунонанд, ки анҷоми сохтмони Роғун ба ҳама фоида меорад. Таъмини амнияти энергетикӣ дар тамоми ин минтақа, ба муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, имкониятҳо ва инчунин ба рушди босуръати иқтисодӣ дар ин кишварҳои низоъдида мусоидат менамояд. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз муноқишаҳои тӯлонӣ бояд дарк намоянд, ки ҳамкорӣ ва наздикшавӣ метавонад барои ҳарду ҷониб муфид ба анҷом расад, чунки аз азал НОБ обро нобуд насохта, танҳо неруи онро истифода мекунад.

Қисми зиёди минтақаи шимоли ғарби Тоҷикистон дар айни замон аз қувваи барқи Ӯзбекистон бинобар усули сохтори низоми хати интиқоли барқ вобастааст.

Дар ҳазорсолаи нав фуруши барқ на он қадар ба фоидаи Тоҷикистон шуд. Ин кишвар 64979,339 кВт соат қувваи барқро воридот менамуд, дар ҳоле ки 113163,057 кВт соат қувваи барқро содирот мекард. Вале бо анҷоми сохтмони сарбанди НОБ-и Роғун, Ҳукумати Тоҷикистон боварии комил дорад, ки  метавонад на танҳо талаботи барқи худро ба 100 фисад қонеъ гардонад, балки метавонад онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Хитой, Афғонистон, Покистон, Эрон ва имконпазир аст, ки ҳатто ба Ҳиндустон содирот намояд.

Тоҷикистон, ҳатто Ӯзбекистонро низ бо қувваи барқ метавонад таъмин намояд, агар созишнома мувофиқа карда мешуд, аммо аз лаҳзаи соҳибистиқлол шудан, Ӯзбекистон тарафдори сиёсати худтаъминкунии  энергетикӣ боқӣ мондааст.

Ғайр аз ин ҳукуматдорони Тоҷикистон вусъат бахшидани шабакаҳои хати интиқоли барқи хешро барои таъмини қаламрави шимоли ғарбии ҷумҳурӣ бо барқ ният доранд ва онҳо аллакай имконоти сохтани хати интиқоли қувваи барқи Шимол-Ҷануб бо Қирғизистонро омӯхта истодаанд, ки ин маънои ба онҳо лозим набудани хати мавҷудаи интиқоли қувваи барқро аз қаламрави Ӯзбекистон дорад.

Ҳамаи ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки обро дар Осиёи Марказӣ ба таври муносиб идора кардан зарур аст.

Струан Стивенсон, в акили Парлумони Аврупо, аъзои гур ӯ ҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупо, Президенти гурӯҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағийрёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор, соли гузашта намояндаи шахсии раиси амалкунандаи САҲА (Қазоқистон) оид ба масъ а лаҳои экологӣ ва муҳити атроф дар Осиёи Марказӣ буд .

ш аҳри Брюссел