Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба унвони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиатнома қабул карданд .
Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки айни замон ду вилояти Тоҷикистон дар муҳосира қарор доранд.
«Дар давраи сардиҳои зимистон муддати ду моҳи ахир иқтисод, бахши кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва виилояти Хатлон амалан дар вазъи муҳосиравӣ қарор доранд, - оммадааст дар муроҷиатнома. — Муҳлати гузаронидани кишти тирамоҳӣ, сохтмони мактабу беморхонаҳо дар ин манотиқ ба таъхир гузошта шуда, вазъи воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва кӯмаки башардӯстона ба вилоятҳои мазкур нигаронкунанда аст».
Ғайр аз ин, қайд мегардад дар муроҷиатнома, бастани роҳи оҳан ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон барои таъмини аҳолии минтақаи ҷануби Афғонистон ва расонидани бор ба нерӯҳои эътилофи НАТО дар кишвари ҳамсоя мушкил эҷод месозад. Ширкатҳое, ки дар ВМКБ ва вилояти Хатлон фаъолият доранд, ба хисорот дучор шуданд.
Дар муроҷиатнома аз анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстиву осоиштагӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардуми тоҷику ӯзбек ёдоварӣ шуда, изҳори боварӣ карда мешавад, ки намояндагони парлумони кишвари ҳамсоя дар ҳалли мушкилоти марбут ба барқарор намудани ҳаракати қатораҳо ба Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, тибқи маълумоти пешакӣ, аз замони боздоштани ҳаракати қатораҳо дар Ӯзбекистон иқтисоди минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба маблағи миллионҳо сомонӣ хисорот бардошта, аҳолии минтақа низ ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мегардад. Айни замон дар роҳи оҳани самти вилояти Хатлон дар қаламрави Ӯзбекистон ҳаракати 320 адад вагонҳои Тоҷикистон боздошта шудааст, ки дар онҳо 24 ҳазор тонна бору маҳсулоти гуногун мавҷуд аст.
Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи Ғалаба-Амузанги Ӯзбекистон такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.
Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста