Нимаи дуюми имрӯз дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба хотири дастгирии мусулмонон гирдиҳамойӣ баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» созмондеҳи гирдиҳамойӣ, роҳбари Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи Марказӣ дар Русия Баҳром Ҳамроев хабар дод, мақомоти шаҳрдории Маскав ба баргузории гирдиҳамойӣ иҷозат додааст.

Ба гуфтаи Ҳамроев, сабаби баргузор намудани гирдиҳамойӣ мухолифат миёни Шӯрои уламои Тоҷикистон ва оилаи рӯҳониёни маъруф Тӯраҷонзодаҳо аст, ки онҳоро дар доир кардани маросими мазҳаби шиаи «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» гунаҳкор карданд.

Рӯзи 9-уми декабр намозгузорони масҷиди «Муҳаммадия» бо изҳори норизойӣ раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзодаро маҷбур сохтанд, ки масҷидро тарк созад. Ӯ ба намози ҷумъа ба ин масҷид барои шиносоии ибодаткунандагон бо изҳороти Шӯрои уламо омада буд.

Тавре Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хабар дод, пас аз намоз барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ 10 нафар боздошт гардида, ба муддати 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд ва чанд нафари дигар ҷаримабандӣ шудаанд. Фаъолияти масҷид бошад, маҳдуд гардида, ба он имомхатиби нав таъин карда шуд.

Ба қавли Баҳром Ҳамроев, мақомоти шаҳрдории Маскав танҳо ба 40 нафар иҷозати иштирок дар гирдиҳамойиро додааст. «Ба мо аз бисёр созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ занг зада, хоҳиши иштирок дар гирдиҳамойиро изҳор намуданд, вале мо ба шумори маҳдуди иштирокчиён иҷозат дорем. Хоҳишмандони иштирок дар гирдиҳамойӣ бошад, хеле зиёд аст.», - гуфт Ҳамроев.

Маълумоти муфассал дар ин хусусро метавонед дар сомонаи www.islamnews.tj. мутолиа намоед.