Пикети назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба хотири дастгирии мусулмонон ва оилаи Тӯраҷонзодаҳоро худи Тӯраҷонзода як иғвогарӣ унвон кард.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор кард, ки мухолифати назарҳо миёни онҳо ва Шӯрои уламоро дар асоси қонунгузории ҶТ дар ватан ҳал хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми имрӯз дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба хотири дастгирии мусулмонон гирдиҳамойӣ баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» созмондеҳи гирдиҳамойӣ, роҳбари Ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи Марказӣ дар Русия Баҳром Ҳамроев хабар дод, мақомоти шаҳрдории Маскав ба баргузории гирдиҳамойӣ иҷозат додааст.