Дар Женева дар чаҳорчӯби кори ҷаласаи 8-уми вазирони иқтисод ва тиҷорати Созмони Умумиҷаҳонии Савдо маросими имзои Протоколи мувофиқати дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар бораи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева Насриддинов Салоҳиддин ва аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия Сафири Фавқулода ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Туркия дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Бозкурт Аран имзо карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳои дигари узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо музокирот мегузаронанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз бо чанд кишвари дигар дар масъалаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони мазкур мувофиқат шавад.