Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов ба ҳайати гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар интихоботи парлумонии Қазоқистон иштирок мекунанд, шомил гардид. Маъракаи интихоботӣ ба парлумони Қазоқистон рӯзи 15-уми январи соли равон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, вакили парлумони Тоҷикистон аз 13 то 16-уми январ дар Қазоқистон хоҳад буд.

Ғайр аз ин, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Маҳмадмурод Зоҳиров ва сармутахассиси КМИР Мирзо Ашӯров ҷиҳати шомил гардидан ба гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ ба Қазоқистон фиристода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷиҳати иштирок дар интихоботи ғайринавбатӣ ба маҷлис (палатаи поёнӣ)-и Қазоқистон 8 ҳизби сиёсӣ роҳ дода шудаанд. Ҳизби коммунисти Қазоқистон бинобар сабаби боздошти фаъолияташ аз ҷониби суд, дар ин маъракаи интихоботӣ ширкат намеварзад.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, аз тамоми ҳизбҳо 386 нафар номзад ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, барои як курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Қазоқистон ҳудуди 4 нафар доваталабӣ мекунанд.