Дар шаҳри Лаҳай мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев бо Вазири корҳои хориҷии Нидерланд Ури Розентал барпо гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. Сипас Р. Солиев ба манзури Вазири корҳои хориҷӣ оид ба тадорукоти Панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки 26-27 марти соли 2012 дар ш.Душанбе дар назар аст, ахбороти муфассал пешкаш гардонид. Сафири тоҷик ба Вазири корҳои хориҷии Нидерланд барои иштирок дар ҳамоиши мазкур аз номи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон даъватнома супорид. Маълумоти манзургардида ва даъват бо изҳори қаноатмандӣ пазируфта шуд.