Дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, Раҳматуллоҳи Раҷаб бо 15 нафар бонувон, ки масъулияти ҳизбиро дар бахшҳои гуногуни ҲНИТ- и навоҳии тобеъи марказ ба дӯш доранд, дар мавзӯъҳои «Умури иттилоотӣ ва таҳлилӣ ҳангоми омодагиҳо ба интихобот» ва «Интихоб ва омодасозии номзадҳо ба маҷлисҳо» дарс баргузор кард.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, Раҳматуллоҳи Раҷаб аз дастури интихоботӣ дар мавзӯи аъзову нозирони участкаҳои интихоботӣ ва номзадҳои эҳтимолӣ, шахсони боэътимоди онҳо суханронӣ намуд. Бонувон пешниҳод карданд, ки чунин омӯзишҳо ҳадди ақал моҳе як бор гузаронида шаванд ба тамоми масъулини ҳизб хоҳад буд.

«Ҳадаф аз доир намудани чунин чорабинӣ омодасозии нозирони ҳизб ба интихобот ҳам ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳам палатаи поёнии парлумони кишвар аст ва ҲНИТ ният дорад, ки барои ҷонибдорони худ чунин дарсҳоро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор намояд», - гуфтанд дар қароргоҳи ҳизб.

Қобили зикраст, ки Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зимни вохурӣ бо Шӯъбаи интихоботии ҲНИТ, ки рузи 10- уми январи 2012 дар қароргоҳи марказии ин ҳизб доир гардида буд, ин шӯъбаро муҳим ва калидӣ арзёбӣ карда гуфт: «Шӯъбаи интихобот дар ҳама вақт сарфи назар аз будан ё набудани маъракаҳои интихоботӣ шӯъбаи калидӣ буд ва калидӣ мемонад».

Ёдрас мекунем, ки пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ натоиҷи онро ғайривоқеиву қалбакӣ унвон карда, изҳор дошта буд, ки ҲНИТ дарҳол ба интихоботи минбаъда ба палатаи поёнии парлумони кишвар омодагиро оғоз мекунад.