Дар ҳошияи кори Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ (RECCO-V), ки тайи ду рӯзи охир дар шаҳри Душанбе идома дорад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниерро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Ламберто Занниер барои ташкили шароити хуби кории конфронси 5-уми РЕККА, ки аҳамияти бузург ба кулли минтақа дорад, ба Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Аз ҷараёни кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳама се самти авлавиятноки фаъолияти ин созмон – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ арзи қаноат карда шуд.

Бо изҳори хушнудӣ аз фаъолияти Коллеҷи сарҳадбонии САҲА дар Тоҷикистон, дастгирии фаъолияти нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбута, ҳамзамон ифтитоҳи як маркази минтақавии омӯзишӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои шаҳрвандони Афғонистон зарур шумурда шуд.

Ламберто Занниер ба нақши Тоҷикистон дар барқарорсозии иқтисодиёт ва амну субот дар Афғонистон баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки лоиҳаҳои сершумори зербиноии дар конфронси мазкур матраҳшуда бояд мавриди пуштибонӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода шаванд.

 Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва равандҳои демократӣ сурат гирифт.