Чанде қабл дар минтақаи Фотеҳ воқеъ дар шаҳри Истамбули Туркия, мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикиситон ва вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ бо донишҷуён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар тоҷикистониёни муқими Туркия баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, тӯли мулоқоти дусоата бо беш аз 60 нафар намояндагони диаспораҳои тоҷик М.Кабирӣ ба саволҳои сершумор оид ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар, вазъи ҷомеаи Тоҷикистон ва қонунҳои аз ҷониби парлумон қабулшуда посух гуфт.

«Аксари саволҳо ба мушкилоти донишҷӯён ва тоҷирони тоҷик дар Туркия дахл доштанд ва М.Кабирӣ ба ҳозирин итминон дод, ки ҳамчун вакили парлумон дар ҳалли мусбати ин мушкилот саҳм хоҳад гирифт», - гуфт манбаъ.

Раиси ҲНИТ дар роҳи сафар ба Швейтсария аз Истамбул боздид намуд. Дар он ҷо ӯ дар кори конфронси байнулмилалӣ бахшида ба рушди муносибатҳои кишварҳои Аврупо бо ҳизбҳои исломии ҷаҳон ширкат хоҳад варзид.