Русия Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба муколамае даъват мекунад, ки ба ҳалли тамоми ихтилофу мушкилот шароит фароҳам оварад.

«Мо наметавонем бепарвоёна инро мушоҳида намоем. Ин кишварҳо шарикони стратегӣ ва ҳамсояҳои деринаи мо мебошанд», - гуфт зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.

Ба гуфтаи вай, Русия миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибати муътадил ва «дӯстонаву ҳусни ҳамҷавориро дидан мехоҳад» ва роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мавҷударо дар муколама мебинад. «Мо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон даъват мекунем, ки ҳарчи зудтар чунин муколамаро роҳандозӣ намоянд», - таъкид кард Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Русия зикр кард, ки тибқи маълумоти расида аз ҳамтоҳои тоҷикистонӣ, робитаҳои мутақобила миёни кишварҳо мавҷуданд, вале «алҳол онҳо ба оғози гуфтушуниди мукаммал оид ба тамоми масоили ҳассос оварда нарасонидаанд».

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки кишварҳое, ки бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои шарикона доранд, «бояд ба оғози чунин муколамаву гуфтушунид мусоидат намоянд».