Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён Бак барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар робита ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрику таманниёти самимии хешро бифиристам.
Аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон кишварҳои мо муносибатҳои дипломатиашонро ба роҳ монда, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Тайи ин давра муносиботи байни кишварҳои мо бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмӯҳлату созандаи минтақавӣ тавассути Ҳамоиши ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баланд арзёбӣ менамояд.
Айни замон, мо мутмаинем, ки муносиботи байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда доранд ва ба кор андохтани онҳо ба манфиатҳои мардумонамон хоҳад буд.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони татбиқи воқеии чунин имкониятҳо мебошад ва бо мақсади фароҳам овардани заминаи бештари мусоид барои тавсеаи доираи ҳамкориҳои зичи мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея омода аст, ки муколамаи созандаро бо кишвари Шумо дар ҳамаи сатҳҳо вусъат бахшад.
Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба муносибати ин санаи муборак дар таърихи муосири равобити миёни кишварҳоямон ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея - пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».
Дар навбати худ, Президенти Ҷумҳурии Куриё Ли Мён – Бак унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
«Мӯҳтарам Ҷаноби Президент,
Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Куриё ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Куриё суханони самимонаи дӯстиро ба Шумо ва халқи Тоҷикистон иброз дорам.
Басо хурсандам, ки баъди 27 апрели соли 1992 барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳамчунин бахшҳои дигари мухталифи фаъолият мунтазам ривоҷ меёбанд. Ман ҳамчунин умедворам, ки ин воқеаи фархунда - 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, ба рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат намуда ва дӯстию ҳамфикрии мутақобилаи байни кишварҳои дӯстамон ҳар чи мустаҳкамтар мегарданд.
Мехоҳам ба Шумо тансиҳатии бардавом ва ба халқи Тоҷикистон шукуфоию беҳбудӣ орзу намоям».
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста