Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кумакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 амр имзо намуд.

 Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи кишвар вазифадор аст, ки ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кумаки яквақтаи пулӣ ҷудо намояд.

 Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳия низ аз ҷониби Сарвари давлат вазифадор шуданд, ки ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кумакҳои моддию маънавӣ расонанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.